Сураи аз-Зориёт Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 46

وَقَوۡمَ نُوۡحٍ مِّنۡ قَبۡلُ‌ؕ اِنَّهُمۡ كَانُوۡا قَوۡمًا فٰسِقِيۡنَ ٤٦

Ва қавма Нуҳи-м мин қабл. Иннаҳум кану қавман фасиқӣн. 46.

46. Ва пеш аз ин қавми Нӯҳро ҳалок сохтем, албатта, онҳо гурӯҳи бадкор (нофармонбардор) буданд.

Қавми Нӯҳ (а) низ, аз амри Парвардигори худ саркашӣ намуданд, пайғамбари Ӯ таъолоро ҳақ нашумориданд ва ба рӯзи қиёмату даҳшатҳои он бовар надоштанд. Онҳо дар фисқу фасод ва содир кардани гуноҳҳои вазнин аз ҳад гузашта буданд. Аз ин сабаб Аллоҳ таъоло ин қавми муҷримро (гунаҳкорро) бо фиристодани азоб дар сурати тӯфони об аз рӯйи Замин пурра маҳв намуд.

Дар ин ҷо Аллоҳ таъоло зикри умматҳои ба азоб гирифторшударо ба поён расонида, дар давоми сура далелҳои қотеъи қудрату ваҳдонияти Худро баён менамояд:


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)