Сураи аз-Зориёт Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 51

وَلَا تَجۡعَلُوۡا مَعَ اللّٰهِ اِلٰهًا اٰخَرَ‌ؕ اِنِّىۡ لَـكُمۡ مِّنۡهُ نَذِيۡرٌ مُّبِيۡنٌ‌ۚ ٥١

Ва ла таҷъалу маъаллоҳи илаҳан ахар. Иннӣ лакум-м минҳу назӣру-м мубӣн. 51.

51. Ва бо ҳамроҳи Аллоҳ маъбуди дигареро маъбуд магиред, албатта, ман барои шумо аз ҷониби Ӯ тарсонандаи ошкорам».

Дар зиндагӣ инсонҳо бинобар одати худ аз хафву хатар мегурезанд. Аз ин рӯ, Аллоҳ таъоло дар ояти 50-ум ба ҳабиби Худ (с) мефармояд, ки ба мардум бигӯ: «Бигрезед (аз ширк) ба сӯи Аллоҳ таъоло». Яъне ай мардум, шумо дар тавҳид ва тоату ибодат мақоми худро сӯи Аллоҳ таъоло гиред. Аз маъсияту гуноҳ, ғафлатзадагиву бепарвоӣ хусусан аз ширк, (касе, ё чизеро ба Худо шарик донистан) гурезед. Чунки подоши ҳар гуна гуноҳ азоб аст, хусусан аз ширк бояд гурехт. Ба сӯи кӣ? Ба сӯи Аллоҳи раҳмону раҳим. Зеро аз носозгориҳо паноҳ бурдан ба сӯи Худованд ин як нишонаи ҳидояту саодатмандист.

Дар давоми оят Парвардигор мефармояд, ки Расулуллоҳ (с) «… тарсонандаи ошкор…»-аст. Яъне расонидани ваҳйи илоҳӣ ба мардум кори махфӣ нест, балки Расулуллоҳ (с) ба сифати як тарсонанда (бимдиҳанда)-и ошкор ба сӯи мардум фиристода шудааст. Ба онҳо навъҳои гуногуни муъҷизаҳо ва далелҳои зиёдро нишон додааст. Мардумро аз ҳақ будани пайғамбариаш огоҳ кардааст.

Офаридагори Замину осмонҳо тамоми коинотро ба қудрату санъати беинтиҳо ва бемонанди Худ офарид, онҳоро ва тамоми ашёи дар онҳо бударо дар тасарруфу ҳукми Худ қарор дод. Зарур аст, ки инсон ба ин офаридаҳои Парвардигори худ ба назари ибрат дида бидӯзад. Ба қудрати Аллоҳ таъоло қоил шавад. Ӯро ҳамду сано хонда, тоату ибодат кунад. Танҳо Ӯро мавриди ибодату парастиш қарор бидиҳад. Пеши Ӯ сари таъзим фуруд биёрад. Ҳеҷ касро ба Ӯ шарик надонаду маъбуд нахонад. Зеро бубинед, Аллоҳ таъоло ба Расулаш (с) такроран амр карда, ки ба бандагон бирасон, ки ҳеҷ як чизро ба ҷуз ман маъбуд нагиред. Бо ин мазмун низ ҳадисҳо ворид гардидааст. Ширк гуноҳе аст, ки афв нахоҳад шуд. Касе башар ё ҳаҷарро (сангро) бо Худо шарик бидонад, тамоми тоату ибодаташ барбод хоҳад рафт ва ибодаташ суде нахоҳад бахшид.

Албатта, инсони боақлу бофаҳм Худованди таборак ва таъолоро соҳиби тамоми хубиҳо медонад. Аз Ӯ бо илтиҷо ёрӣ меҷӯяд ва аз гуноҳ кардан паноҳ металабад. Аммо боиси таассуф аст, ки инсонҳо ба ҳар роҳ рафта, дидаву дониста ва гоҳҳо шояд надониста бутро (санамро) мепарастанд. Гоҳҳо шахсеро парастиш мекунанд. Ҳол он ки дар сураи «Оли Имрон» омада, ки «Худоро монда, якдигаратонро ба сифати Парвардигор нагиред». Гоҳҳо инсонҳо тобеъи ҳавою нафси худ гардида, нафсашон ҳар чӣ фармояд, бе чуну чаро иҷро мекунанд. Яъне нафсашонро, наъузу биллоҳ, ҳамчун Худо итоат мекунанд. Чунон ки дар сураи «Ҷосия» омада: «Онон ҳавои нафсашонро Худо кардаанд». Дидаем, ки инсон бандаи пулу молу ашё гаштааст. Пайғамбари Худо гуфтаанд: «Бандаи динору дирҳам бадбахт аст».

Акнун маълум гардид, ки Расули Худо (с) инсонҳоро ба сӯи яккахудопарастӣ даъват намуда, аз ширки хафӣ (махфӣ) ва ҷаллӣ (ошкоро) бар ҳазар гардонидааст ва дар мубориза алайҳи мушрикон саъю кӯшиши зиёд намудааст.

Хулоса, амали беимон ва имони беамал нафъ надорад. Шахсе бурд мекунад, ки имони боамал дорад.

Ояти зер, ба Пайғамбар (с) таскину тасаллӣ аст, ки дар муқобили душманон сабр варзанд, зеро пешиниён низ чунин муаммоҳоро вохӯрдаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 50 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)