Сураи аз-Зориёт Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 52 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 52

كَذٰلِكَ مَاۤ اَتَى الَّذِيۡنَ مِنۡ قَبۡلِهِمۡ مِّنۡ رَّسُوۡلٍ اِلَّا قَالُوۡا سَاحِرٌ اَوۡ مَجۡنُوۡنٌ‌ۚ ٥٢

Казалика ма ата-л-лазӣна мин қаблиҳим-м ми-р расулин илла қолу саҳирун ав маҷнун. 52.

52. Ҳамчунин, ба ононе, ки пеш аз онҳо буданд, ҳеҷ пайғамбаре наёмадааст, магар ин ки гуфтанд: «(Ӯ) ҷодугар аст ё девона».

Мазмуни ояти карима ин аст, ки пеш аз шумо низ паямбаронро фиристода будем ва қавмҳою инсонҳое буданд, ки онҳоро чун расули Мо напазируфтанд. Онҳо паёмбарони Моро девона ё соҳиру ҷодугар меномиданд. Аллоҳ таъоло Пайғамбари Худ (с)-ро тасаллӣ медиҳад, ки агар мушрикону кофирон ба ту ҳар гуна айб мебанданд, ғамгин мабош ва сабру таҳаммулро пеша кун. Ин рафтору муомилаи мушрикони Макка ва амсоли онҳо нав набуда, балки амалест, ки пешиниёни онҳо низ содир кардаанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 51 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 53 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)