Сураи аз-Зориёт Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 55

وَّذَكِّرۡ فَاِنَّ الذِّكۡرٰى تَنۡفَعُ الۡمُؤۡمِنِيۡنَ ٥٥

Ва заккир фа инна-з-зикро танфаъу-л-муъминӣн. 55.

55. Ва панд дода бош, ҳаройина, панд додан муъминонро нафъ медиҳад.

Яъне ай Муҳаммад, панд ва насиҳат бигӯ, ки ин албатта, ба муъминон нафъ медиҳад. Бигзор, кофирон рӯй гардонанду дурӣ биҷӯянд, вале панд додан ба муъминон нафъовару судманд аст. Соҳибони илм бояд ҳаргиз ин оятро аз ёд набароранд. Аз ин оят маълум мегардад, ки мақоли «Аз гуфтан фоида нест, ҳамин қадар гуфтем, суде набахшид», асосе надорад. Чунки эъроз (рӯй гардонидан) аз мушрикон аст, на аз муъминон.

Ояти зер аз дигар махлуқи Аллоҳ таъоло, ки ҷин аст, ёдовар мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)