Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 54 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 54
فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ فَمَاۤ اَنۡتَ بِمَلُوۡمٍ ٥٤
Фа тавалла ъанҳум фа ма анта би малум. 54 .
54. Пас, аз онҳо рӯй бигардон, пас, ту маломаткардашуда нестӣ.
Аллоҳ таъоло ба пайғамбари Худ мефармояд, ки ай пайғамбари Мо, вазифаи ба уҳдаат гузошташударо тавре лозим буд, ба ҷо овардӣ. Ҳарчи аз амру наҳй фиристодем, ба мардум расонидӣ, агар туро гӯш накарданду озорат доданд, аз онҳо рӯй гардону дурӣ биҷӯй! Дигар ту барои рӯй гардониданат аз онҳо мавриди маломат қарор нахоҳӣ гирифт. Зеро барои адои вазифаат ба дараҷаи қуввату тоқатат кӯшишу ҳаракат кардӣ!
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «