Сураи аз-Зориёт Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 56

وَمَا خَلَقۡتُ الۡجِنَّ وَالۡاِنۡسَ اِلَّا لِيَعۡبُدُوۡنِ ٥٦

Ва ма халақту-л-ҷинна ва-л-инса илла ли яъбудун. 56.

56. Ва наофаридам ҷин ва инсро, магар барои он ки (хос) Маро бипарастанд.

Худованди таборак ва таъоло мегӯяд, ки ҷинну инсро (инсонро) барои он офаридам, ки Маро ибодат (парастиш) кунанд. Ҷин ҳам як махлуқи Худо аст. Худованд ба онҳо мисли инсонҳо истеъдоди тоату ибодат карданро додааст. Яъне инсон ва ҷинро Худованд ба ҳамин хотир офаридааст. Барои инсон ибодати аз ҳама бузург имон овардан аст, яъне калимаи тавҳидро бо дил тасдиқ намуда, бо забон иқрор кардан аст. Баъд аз он аз ҷумлаи ибодатҳои бузург: намоз гузоридан, рӯза доштан ва агар қодир шавад, закоти мол додану адои ҳаҷ намудан аст. Агар инсон ин вазифаҳоеро, ки баъди имон аст, ба ҷо наорад, мусулмони комил шуда наметавонад. Вале ин маънои онро надорад, ки ибодат маҳз аз ҳамин номбаршудаҳо иборат аст. Дар дигар оятҳо омада, ки Аллоҳ таъоло бандаҳоро ба обод кардани рӯйи Замин, барпо кардани оила ва дигар корҳо ҳам амр кардааст. То ба дараҷае, ки Аллоҳ таъоло инсонро дар рӯйи Замин халифаи (ҷойнишини) худ эълон кардааст.

Хулоса, ибодатро ба маънои васеъаш бояд фаҳмид. Хуб, бубинем, ки худи ибодат чӣ маъно дорад. Дар луғат маънои ибодат «гардан ниҳодан», «худро паст гирифтан» (яъне тавозӯъ), «итоат кардан», «амрро ба ҷо овардан» омадааст. Олимон гуфтаанд: «Ҳар амале, ки инсонро ба Худо наздик месозад, ибодат аст». Илова мекунем: «Ҳар коре, ки дар иҷрои он Аллоҳ розист, ҳар коре, ки тибқи фармудаи китоби Аллоҳ ва суннати Расулаш (с) аст, он ибодат аст». Доир ба ибодат ҳадисҳои зиёде ворид гардидаанд. Ҳадисе аз Абӯзари Ғиффорӣ (р) ривоят шуда, ки гурӯҳе аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд: «Сарватмандон аҷру савобро соҳиб гаштанд, зеро онҳо бо вуҷуди он ки мисли мо намоз мехонанду рӯза медоранд, илова бар ин, эшон молу дороияшон ба эҳтиёҷмандон садақаву эҳсон мекунанд». Он зоти пок ба онҳо гуфт: «Худованд ба шумо он чӣ садақа мешавад, додааст-ку! Ҳар як тасбеҳе, ки мегӯед, садақа аст, ҳар таҳлиле, ки мегӯед, ин худ садақа аст, амри маъруфу наҳйи мункар ҳам садақа аст ва ҳатто ҳамон қазои шаҳват, ки бо завҷаи ҳалоли худ мекунед, садақа аст». Инро шунида, яке аз ҳозирин чунин суол кард: «Магар қазои шаҳват бо ҳалоли худ аҷр (подоши нек) дорад?». Расули Худо (с) ба суоли ӯ бо суол посух дод: «Бигӯед, қазои шаҳват бар ҳаром шавад, гуноҳ аст?». Гуфтанд: «Оре!». Расули Худо (с) гуфт: «Аз ҳалол бошад, пас аҷри худро дорад. Ҳар кор, ки аҷр дорад, ибодат аст».


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 55 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)