Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи аз-Зориёт Ояти 6
وَّاِنَّ الدِّيۡنَ لوَاقِعٌ ٦
Ва инна-д-дӣна ла вақиъ. 6.
6. Ва ҳаройина, ҷазои амалҳо воқеъшуданист.
Албатта, рӯзи қиёмат воқеъ шуданист. Дар он тамоми амалҳои неку бади инсонҳо ҳисобу китоб мешавад. Ба ҳар як инсон мувофиқи амалҳояш аз рӯйи инсоф додани мукофот ё ҷазо ҳақ аст.
Аҳли фазлро маълум аст, ки дар он маконе, ки сокинонаш ба рӯзи қиёмат боварӣ доранд ва ҳамеша онро ба ёд меоранд, доимо оромиву осудагӣ ҳукмфармоаст. Душманӣ, адоват, золимӣ, ҳаромкорӣ, мардумфиребӣ, дуздӣ, фисқу фуҷур ва дигар амалҳои бад ва разил аз касоне сар мезанад, ки ба рӯзи қиёмат, ҳисобу китоби амалҳо, мукофоту ҷазои он боварӣ надоранд.
Аз ин хотир инсони муъминро лозим аст, ки зуд-зуд қалби худро бо омадану ҷазои рӯзи қиёмат ҷило дода, дар ғаму андӯҳ ва тарси он рӯз бошад. Аз гуноҳу амалҳои ношоиста дурӣ биҷӯяд.
Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «