Сураи аз-Зориёт Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи аз-Зориёт Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи аз-Зориёт Ояти 7

وَالسَّمَآءِ ذَاتِ الۡحُـبُكِ ٧

Ва-с-самаи зати-л-ҳубук. 7.

7. Қасам ба Осмони соҳиби роҳҳо (-и махсус),

Ӯ таъоло ба осмон қасам хӯрдааст, яъне ба осмоне, ки дар он ситораҳо мувофиқи амри Офаридгор бо тартиби зебо ва мутаносиб ҷойгир шудаанд. Инчунин ин осмон осмони «соҳиби роҳҳо» аст. Ин ҷо Парвардигор ба тартиби ҳаракати ситораҳо ва дигар ҷирмҳои осмонӣ аз рӯйи хатти муайян ишора кардааст. Олимони кайҳоншинос ин хатҳои ҳаракатро мадор меноманд. Парвардигор бо санъати баркамолаш барои ҳар як ситора ё ҷирми осмонӣ хати ҳаракати алоҳидаро вазъ намудааст, яъне ҳар як ситора дар осмон «роҳ»-и муайяни худро дорад ва ҳеҷ яке аз онҳо аз ин «роҳ» берун намераванд. Худованд ҳаракатро дар ин «роҳҳо»-и печ дар печ бо санъат идора мекунад, ки ҳеҷ ситорае ба ситораи дигар бар намехӯрад. Иншоаллоҳ, ояти зер ҷавоби қасам аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи аз-Зориёт «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи аз-Зориёт Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи аз-Зориёт Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)