Сураи бақара Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 10

فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٞ فَزَادَهُمُ ٱللَّهُ مَرَضٗاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ أَلِيمُۢ بِمَا كَانُواْ يَكۡذِبُونَ ١٠

Фи қулубиҳим-м мараЗун фа зодаҳумуллоҳу мараЗо. Ва лаҳум ъазобун алиму  би мо кону якзибун. 10. 

10. Дар дили онҳо беморӣ аст. Пас, ба онҳо ба сабаби он ки дурӯғ мегуфтанд, Аллоҳ бемориро афзун кард ва онҳорост азоби аламдиҳанда.

Худованд хабар додааст, ки дар қалби мунофиқон бемории шакку шубҳа, яъне нобоварӣ ба дини мубини Ислом ҷой гирифтааст. Ин аст, ки гуноҳ болои гуноҳ содир менамоянд. Онҳо ба чунин беморӣ гирифторанду ба Ислом бо дудилагӣ ва нобоварӣ менигаранд. Аллоҳтаъоло шакку шубҳаи онҳоро зиёдтар мегардонад. Чун дили мунофиқон тоза нест ва онро доғи шакку шубҳа нисбати дини Ислом фаро гирифтааст, онҳо дар дунё ба гуноҳи бузург мубтало гардида, дар охират бошад ба сабаби ин дурӯғбозиашон (зоҳиран даъвои имондорию ботинан истеҳзо ба оятҳои раҳмонӣ намудан) ба азоби аламнок гирифтор мешаванд.

Хулоса, сифати мунофиқон ин аст:

1. Аз рӯи даъвояшон (дар забон) мӯъминанд, аммо дар асл (дар дил) имон надоранд.

2. Мехоҳанд Аллоҳ ва мӯъминонро фиреб диҳанд, аммо худ фиреб хӯрдаанду хабар надоранд.

3. Дар қалби онҳо бемории шакку шубҳа буда, ба дини Ислом боварӣ надоранд.

Ба ин хотир дар охират азоби тоқатшикан онҳоро интизор аст. Оятҳои зерин боз се ҳолати мунофиқонро ошкор месозанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти َ9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)