Сураи бақара Ояти َ9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти َ9 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти َ9

يُخَادِعُونَ ٱللَّهَ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَمَا يَخۡدَعُونَ إِلَّآ أَنفُسَهُمۡ وَمَا يَشۡعُرُونَ ٩ 

Юходиъуналлоҳа ва-л-лазина оману ва мо яхдаъуна илла анфусаҳум ва мо яшъурун. 9. 

9. Онҳо мехоҳанд (бо гуфтаҳои худ) Аллоҳ ва муъминонро фиреб диҳанд ва ба таҳқиқ, намефиребанд, магар худро, вале огоҳ намешаванд.

Мунофиқонро одат чунин аст, ки зоҳиран имондории худро нишон медиҳанд, аммо дар дил ба куфр эътиқод доранд. Чунин мепиндоранд, ки гӯё ба ин восита Аллоҳ ва мӯъминонро фиреб дода, ба чунин рафтор, ҳам нафъи дунё ва ҳам охиратро ба даст меоранд. Аммо онҳо намедонанд, ки Аллоҳтаъоло аз ҳама ошкору ниҳони бандагони худ бохабар аст ва Ӯро фиреб додан аз имкон берун аст. Албатта, зарари худи онҳост, ки худро фиреб медиҳанду аз ин огоҳ нестанд.

Аллоҳтаъоло дар ояти мазкур исми худро бо мӯъминон якҷо зикр кардааст. Валлоҳу аълам ин маънои онро дорад, ки Аллоҳтаъоло мӯъминонро зери ҳимояи худ гирифтааст ва ҳар касе бо инҳо душманӣ варзад, гӯё бо Аллоҳтаъоло душманӣ дорад.

Эзоҳ: нифоқ ин ба зоҳир изҳори хайр намудан, аммо дар асл зидди хайрро пинҳон доштан аст. Нифоқи эътиқодӣ ин пиндори нодуруст ва соҳиби худро доимо дар нор нигоҳ доштан аст. Нифоқи амалӣ, яъне ин фард ҳамеша дудила буда бузургтарин гуноҳро муртакиб аст.

Сабаби бисёр зикр ёфтани мунофиқон дар сураҳои дар Мадина нозилшуда ин аст ки дар Макка мунофиқ набуд. Дар Мадина мусулмонон як қувваи бузургро ташкил медоданд, ва дар миёнашон мунофиқон пайдо шуданд. Чаро мунофиқон чунин пешаро ихтиёр намуданд, барои посух моро лозим аст ба мазмуни ояти зер диққат диҳем:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)