Сураи бақара Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 13

وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ ءَامِنُواْ كَمَآ ءَامَنَ ٱلنَّاسُ قَالُوٓاْ أَنُؤۡمِنُ كَمَآ ءَامَنَ ٱلسُّفَهَآءُۗ أَلَآ إِنَّهُمۡ هُمُ ٱلسُّفَهَآءُ وَلَٰكِن لَّا يَعۡلَمُونَ ١٣ 

Ва изо қила лаҳум омину кама омана-н-носу қол у а-нуъмину кама омана-с-суфаҳаъ. Ала иннаҳум ҳуму-с-суфаҳау ва локи-л ло яъламун. 13. 

13. Ва чун онҳоро гуфта шавад: «Имон оред, чуноне ки мардум имон оварданд», гӯянд: «Оё имон орем», чунон ки бехирадон имон овардаанд?». Огоҳ шав, ба таҳқиқ, онҳоянд бехирад, вале худ намедонанд!

Мунофиқонро одат ин аст, ки агар ба онҳо гуфта шавад, ки чун дигар мӯъминон аз сидқи дил, бе ягон шакку шубҳа имон биёред, бо истеҳзо мегӯянд: “Оё мо ҳам мисли дигар камхирадон имон биёрем?” Яъне барои онҳо ҳазрати Абӯбакру Умару Суҳайбу Аммору Билол ва даҳҳо дигар саҳобагони киром ва мӯъминони муттақӣ (Аллоҳ аз онҳо розӣ шавад) бехираду камақланд, ки онҳо имон овардаанд. Ай Муҳаммад (с), бохабар бош, онҳое, ки худро аз дигарон боақлтар медонанд, дар ҷаҳли мураккаб афтодаанд ва онҳо худ бехираданд, аммо аз рӯи ҷаҳолат инро дарк намесозанд. Ҳол он ки мӯъминони парҳезгор беҳтарини инсонҳоянд.

Хулоса, қалби мунофиқон аз кибру ғурур, кинаву бухлу ҳасад, шакку шубҳа ва ғайра пур асту боз худро аз мӯъминон боло медонанд. Одати мунофиқон аст, ки дар дӯконҳои фитнагарии худ аз номи мӯъминон, ба хосса пешвоёни онҳо ҳар гуна иғво мебофанд, лақабҳои оммафиреб нашр мекунанд. Мӯъминони боамалро бинобар имони ҳақиқӣ оварданашон беақл баҳо медиҳанд, ҳол он ки имон овардан бахти некӯ ва саодати дунёву охират аст. Дар натиҷа, Аллоҳтаъоло ба мунофиқон баҳои арзанда дода фармудааст, ки мунофиқон бехираданд, локин бехирадии худро намедонанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 12 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)