Сураи бақара Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 14

وَإِذَا لَقُوا الَّذِينَ آمَنُوا قَالُوا آمَنَّا وَإِذَا خَلَوْا إِلَىٰ شَيَاطِينِهِمْ قَالُوا إِنَّا مَعَكُمْ إِنَّمَا نَحْنُ مُسْتَهْزِئُونَ ١٤

Ва изо лақу-л-лазина оману қол у оманно ва изо халав  ило  шайотониҳим қолу инно маъакум иннамо наҳну мустаҳзиун. 14. 

14. Ва ҳар вақто шахсонеро, ки аҳли имонанд, мулоқот кунанд, гӯянд: «Имон овардаем» ва чун бо шаётин худ танҳо шаванд, гӯянд: «Ҳаройина, мо бо шумоем, ҷуз ин нест, ки мо (онҳоро) масхаракунандагонем».

Аллоҳтаъоло корсозии мунофиқонро бо ин оят бори дигар ошкор сохтааст. Яъне сифати дигари мунофиқон он аст, ки ҳар гоҳе бо мӯъмине рӯ ба рӯ биёянд ва ҳамсӯҳбат шаванд, чунон устокорона имондорӣ ва мусулмонии худро нишон медиҳанд, ки хоҳ нохоҳ ҳамсӯҳбати онҳо ба садоқату зоҳири онҳо нигариста, ба гуфтаҳои онҳо бовар мекунад. Аммо чун бо ҳаммаслакону пешвоёни худ дар сӯҳбат шаванд, гӯянд: “Мо ҳамеша дар дину эътиқод бо шумо будаем ва ҳамеша бо шумо мемонем. Пеши мусулмонон аз имон доштанамон ҳарф задани мо ба хотири масхара намудани онҳо буд.” Бо ин гуна суханҳои худ онҳо завқ мебаранд, ҳол он ки Аллоҳтаъоло хубтар медонад, ки онҳо киро масхара мекунанд?


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 13 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)