Сураи бақара Ояти 215 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 215 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 215

يَسۡ‍َٔلُونَكَ مَاذَا يُنفِقُونَۖ قُلۡ مَآ أَنفَقۡتُم

مِّنۡ خَيۡرٖ فَلِلۡوَٰلِدَيۡنِ وَٱلۡأَقۡرَبِينَ وَٱلۡيَتَٰمَىٰ وَٱلۡمَسَٰكِينِ وَٱبۡنِ ٱلسَّبِيلِۗ وَمَا تَفۡعَلُواْ مِنۡ خَيۡرٖ فَإِنَّ ٱللَّهَ بِهِۦ عَلِيمٞ ٢١٥ 

Яс-алунака мозо юнфиқун. Қул ма анфақтум-м мин хайрин фа лил волидайни ва-л-ақрабина ва-л ятомо ва-л-масокини вабни-с-сабил. Ва мо тафъалу мин хайрин фа инналлоҳа биҳи Ъалим. 215.

215. Аз ту савол мекунанд, ки чиро харҷ кунанд? Бигӯ: «Ончиро аз мол харҷ кардед, пас, бояд барои модару падар ва хешовандон ва ятимон ва дарвешон ва мусофирон бошад. Ва он чӣ аз некӣ мекунед, пас, албатта Аллоҳтаъоло ба вай доност».

Сабаби нузули ин оятро баъзе муфассирон чунин ривоят кардаанд, ки баъзе асҳоб аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд: “Ё Расулаллоҳ! Мо дар роҳи ризои Аллоҳ аз молҳоямон чиро нафақа кунем ва ба кӣ диҳем ва дар куҷо онҳоро сарф кунем?” Баъди ин гуна саволҳо Аллоҳтаъоло ояти мазкурро нозил намуда фармуд, ки ай Расули ман, ёрони ту дар куҷо нафақа кардани молҳои худро мепурсанд, ту дар ҷавоб ба онҳо бигӯ, ки шумо аз моли худ ба падару модари худ ва ба хешу табори худ ва ба ятимону мискинҳо ва мусофирон харҷ кунед. 

Ва ҳар кори некро мекунед, албатта, Аллоҳтаъоло онро медонад ва Ӯ таъоло дар ивази он мукофоти комил шуморо медиҳад. Албатта, барои шахси борикбин чандин нуктаҳо зери мазмуни оят ниҳон аст. Аз он ҷумла барои ҳар як инсон дар қатори зану фарзанд, таъмини эҳтиёҷоти падару модар шарт аст. Агар падару модар мӯҳтоҷи ёрии моли фарзанд бошанду фарзанд пулу молро дар дигар ҷо сарф намояд, махсусан дар корҳои ғайри шаръӣ, бисёр ҳам амали нодуруст кардааст. 

Дар ин ҳол, ин гуна фарзанд амри Худовандро иҷро накардааст. Ҳадисеро Имом Муслим аз Ҷобир (р) ривоят мекунад, ки Расулуллоҳ (с) дар хусуси садақа додан фармудаанд: “Садақа доданро ҳар инсон аз худаш ибтидо кунад, агар аз худаш зиёдатӣ кунад, аҳли худро бояд таъмин намояд, агар аз аҳлу аёл зиёда монад, ба хешу табораш бидиҳад, агар аз онҳо ҳам зиёдатӣ кунад, ба дигарон бидиҳад”. Садақа додану савоб талаб намудан ин ҳама аз тарафи Аллоҳ тақдир шудааст ва ҳамаро Ӯ таъоло донанда аст. Назири чунин маъно дар о. 177 гузашт. Қавли саҳеҳ он аст, ки ояти мазкур мансух нест ва ба он бояд амал намуд.

Чи тавре, ки зикр шуд, оятҳои 214-215 барои Расулуллоҳ (с) ва саҳобагон дар ҳолатҳои вазнинтарини солҳои аввали ташаккулёбии уммати исломӣ нозил шуданд. Дар ин оятҳо Худованд мусулмононро ба сабру бурдборӣ даъват намуда, ба онҳо баъзе роҳҳои осоиштаи ҳалли мушкилотро иршод фармуд. Зеро данр он ҳангом адади мусулмонон хеле кам буд. Мушрикон онҳоро азиятҳои гӯшношунид медоданд. Дар охир онҳо маҷбур шуданд, бо амри Худованд манзилу боигарӣ, ҳатто зану фарзандони худро гузошта, аз Макка ба Мадина ҳиҷрат намоянд. Мушрикони Қурайш дар Мадина ҳам онҳоро ором намегузоштанд. Онҳо беҳтарин ҷанговаронро мусаллаҳ намуда, ба ҷанги зидди мусалмонон тайёрӣ медиданд. Барои мусулмонон хавфи пурра нобудшавӣ пайдо шуд. Дар ин ҳолат савол пайдо шуд, ки чӣ бояд кард? Худованд ба ин савол дар ояти навбатӣ ҷавоб додааст.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 214 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 216 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)