Тафсири Сураи бакара Ояти 216 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 216
كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡقِتَالُ وَهُوَ كُرۡهٞ لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ
أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡٔٗا وَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ أَن تُحِبُّواْ شَيۡٔٗا وَهُوَ شَرّٞ لَّكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ ٢١٦
Кутиба ъалайкуму-л-қитолу ва ҳува курҳу-л-лакум. Ва ъаса ан такраҳу шай-а-в ва ҳува хайру-л-лакум ва ъаса ан туҳиббу шай-а-в ва ҳува шарру-л-лакум. Валлоҳу яъламу ва антум ло таъламун. 216.
216. Бар шумо набардро лозим карда шуд ва он барои шумо душвор аст. Ва шояд, ки шумо чизеро нохуш доред ва ҳол он ки вай барои шумо беҳтар бошад. Ва шояд, ки чизеро дӯст доред ва ҳол он ки вай барои шумо бад бошад. Ва Аллоҳ медонад ва шумо намедонед.
Дар зимни ин оят Худованд мефармояд, ки барои шумо (яъне мусулмонон) набард (ҷиҳод) лозим гардонида шуд. Ҳарчанд ҷанг барои шумо нохуш аст, локин шумо мусулмонон ҳуқуқ (вазифа) доред ҷони худро, номуси худро, зану фарзанду боигарии худро аз душмани яроқноки таҷовузгар ҳимоя кунед, Аллоҳтаъоло ҳоли бандагони худро дар ҳама аҳвол хубтар медонад. Ислом чизе нест, ки инсонҳо аз он мехостагиашонро гиранду аз намехостагиашон рӯ гардонанд. Балки Ислом қонуни илоҳист. Шахси мусулмон бояд дар ҳама ҳол ба амри Худованд итоъат дошта бошад, зеро Ислом инсонро дар дунёву охират саодатманд мегардонад. Аз ин рӯ дар давоми оят Худованд мефармояд, ки чизе ҳаст, ки шумо онро нохуш доред, ҳол он ки он барои шумо фоида дорад. Яъне худро бо яроқ дар ҷанг ҳимоя кардан кори осон нест, душвортарин амал аст. Дар он хавфи ҳалок шудан ҳаст, хавфи маъюб шудан ва аз даст додани саломатӣ ҳаст. Инчунин харҷ ва талафи боигарии бисёр ҳаст. Шояд аз ин сабаб шумо онро нохуш доред, локин дар он барои шумо фоидаҳо ҳаст. Фоидаҳои асосии шумо инҳо ҳастанд: Динатон ва озодиатонро аз даст намедиҳед, соҳиби аҷри (савоби) бузурги Худованд мегардед, гирифтори ғосибон намегардед, номус ва шарафи зан ва фарзандонатон нигоҳ дошта мешавад ва дар он манфиатҳои дигар низ ҳаст.
Дар давоми оят Худованд мефармояд, ки шояд аз ҷанг бо баҳонае худро яксӯ гирифтан, зоҳиран, хуш ва хуб намояд, аммо дар ин амал бадиҳо ҳаст. Натиҷаи бадтарини ин хиёнат, ғуломӣ ва ба дасти истилогарон афтидани ватанатон аст. Вақте ки ғулом шудед, аввал аз озодона ба ҷо овардани ибодатҳо маҳрум мешавед, зан ва фарзандонатон таҷовуз мешаванд. Ватан харобу валангор гашта, ҳамаро даҳшат фаро мегирад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «