Тафсири Сураи бакара Ояти 217 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 217
يَسَۡٔلُونَكَ عَنِ ٱلشَّهۡرِ ٱلۡحَرَامِ قِتَالٖ فِيهِۖ قُلۡ قِتَالٞ فِيهِ كَبِيرٞۚ وَصَدٌّ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِ وَكُفۡرُۢ بِهِۦ وَٱلۡمَسۡجِدِ ٱلۡحَرَامِ وَإِخۡرَاجُ أَهۡلِهِۦ مِنۡهُ أَكۡبَرُ عِندَ ٱللَّهِۚ وَٱلۡفِتۡنَةُ أَكۡبَرُ مِنَ ٱلۡقَتۡلِۗ وَلَا يَزَالُونَ يُقَٰتِلُونَكُمۡ حَتَّىٰ يَرُدُّوكُمۡ عَن دِينِكُمۡ إِنِ ٱسۡتَطَٰعُواْۚ وَمَن يَرۡتَدِدۡ مِنكُمۡ عَن دِينِهِۦ فَيَمُتۡ وَهُوَ كَافِرٞ فَأُوْلَٰٓئِكَ حَبِطَتۡ أَعۡمَٰلُهُمۡ فِي ٱلدُّنۡيَا وَٱلۡأٓخِرَةِۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢١٧
Яс-алунака ъани-ш-шаҳри-л-ҳароми қитолин фиҳи қул қитолун фиҳи кабир. Ва саддун ъан сабилиллоҳи ва куфрум биҳо ва-л-Масҷиди-л-ҳароми ва ихроҷу аҳлиҳо минҳу акбару ъиндаллоҳ. Вал фитнату акбару мина-л-қатл. Ва ло язолуна юқотилунакум ҳатто яруддукум ъан диникум инистатоъу. Ва ма-й яртадид минкум ъан диниҳи фа ямут ва ҳува кофирун фа улаика ҳабитат аъмолуҳум фи-д-дунйо ва-л-охираҳ. Ва улаика асҳобу-н-нори ҳум фиҳо холидун. 217.
217. Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром савол мекунанд, бигӯ: «Ҷанг кардан дар он (моҳ) гуноҳи сахт аст, вале боздоштан аз роҳи Аллоҳ ва нагаравидан ба Аллоҳ ва боздоштан (-и мардум) аз Масҷиду-л-ҳаром ва аҳли ин масҷидро берун кардан назди Аллоҳ аз вай гуноҳи сахттар аст ва (гуноҳи) фитна ангехтан низ аз куштан сахттар аст ва онҳо ҳамеша бо шумо ҷанг мекунанд, то он ки шуморо аз динатон, агар тавонанд, бозгардонанд. Ва ҳар кӣ аз шумо аз дини худ баргардад, пас, бимирад ва ҳол он ки ӯ кофир аст, пас, корҳои неки онҳо дар дунё ва охират нобуд (ҳабата) шавад. Ва он гурӯҳ бошандагони Дӯзаханд, онон дар он ҷо ҷовидон бошанд.
Дар сабаби нузули ин оят муфассирони киром чандин ривоятро иҷозат фармудаанд. Мо аз ҳама мухтасарашро, иншоаллоҳ, рӯи коғаз меорем, ин ҳам бошад, воқеъаест, ки ду моҳ пеш аз ғазои Бадр ба вуқӯъ пайваста буд. Пайғамбар (с) Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (р)-ро ба гурӯҳи ҳаштнафара сардор намуда, мактуберо ба ӯ дод ва фармуд, ки баъди ду рӯз роҳ рафтан ин хатро мехонед! Баъди ду рӯз роҳ рафтан Ибни Ҷаҳш (р) хатро кушода хонд, дар ӯ чунин навишта шуда буд. Баъди хатро хондан, ту ба Батни Наҳла (мавзеъе байни Тоиф ва Макка) рав ва дар он ҷо қабилаи Қурайшро муроқаба кун ва хабарашро ба мо расон. Агар шариконат бо ҳамроҳии ту нарафтанд, онҳоро маҷбур насоз! Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (р) баъди хондани хат “Самъатан ва тоъатан лиллоҳи ва ли расулиҳи” – “барои ризои Аллоҳ ва расули Ӯ ин (амр)-ро шунидам ва итоъат мекунам” гуфтанд. Баъди ин ба рафиқони худ нигаристанд ва мазмуни мактуби Расулуллоҳ (с)-ро ба онҳо фаҳмонида, гуфтанд: “Расулуллоҳ (с) маро аз маҷбур сохтани шумо барои ҳамроҳии ман манъ намудааст. Локин агар касе аз шумо шаҳид шуданро хоҳад, бо ҳамроҳии ман равад, касе нахоҳад, ба қафо баргардад, ман бошам, барои амри Расулуллоҳ (с)-ро ба ҷо овардан ба он ҷо меравам.” Шарикон ҳамаашон бо ҳамроҳии ӯ равон шуданд.
Дар ин асно Саъд ибни Ваққос (р) ва Утба ибни Ғазвон (р) уштурони худро гум мекунанд, онҳо ба кофтукови уштурони худ машғул шуда, боқӣ шаш нафари дигарашон бо ҳамроҳии Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (р) ба Батни Наҳла мерасанд. Дар он ҷо бо корвони тиҷоратии Қурайш вомехӯранд, ки амири корвон Амр ибни ал-Ҳазарамӣ буд ва се нафари дигар ӯро ҳамроҳӣ мекард. Саҳобагон аввали моҳи раҷабро, ки дар он ҷанг ҳаром аст, охири Ҷимодулохир ҳисобида, Амр ибни ал-Ҳазрамиро мекушанд ва ду нафари онҳоро асир мегиранд ва як нафари онҳо мегурезад. Хулоса, моли улҷа (муфт) ва асиронро ба назди Расулуллоҳ (с) меоранд. Вақто Расулуллоҳ (с) ин ҳодисаро мебинанд, нороҳат шуда мефармоянд: “Ман шуморо дар чунин моҳе, ки дар он ҷанг ҳаром аст (ба ҷанг кардан) амр накарда будам!” гуфта аз гирифтани мол ва он ду асир худдорӣ намуданд.
Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (р) аз назари мардум монданд, мардум ба онҳо муомилаи дурушт мекарданд, бисёриҳо фикр мекарданд, ки ин гурӯҳ ҳалокшудагонанд. Қурайшиҳо бошанд, мегуфтанд: «Муҳаммаду асҳобаш дар моҳе, ки дар он ҷанг ҳаром аст, хун рехтанду молу ҳоли дунё ҷамъ намуданд, одамонро асир гирифтанд». Душманони дохилӣ бошанд, иғвоҳои ҳархела дар ҳар тараф паҳну овоза намуданд. Хулоса, як ҳолати ногувор рух дод, зеро аз қадимулайём дар ин моҳ ҳеҷгоҳ чунин во
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
қеъа нашуда ва касе касеро асир ва молеро ӯлҷа нагирифта буд. Аз нохост рух додани ин ҳодиса ҳама ҳайрон монданд. Дар ҳамин асно, Аллоҳтаъоло ояти мазкурро нозил намуд ва ҳукми чунин муамморо ҳал сохта, ба Ҳабиби худ (с) фармуд, ки ҳукми набардро дар ин моҳи ҳаром аз ту мепурсанд, ту дар ҷавоб ба онҳо бигӯ, ки дар чунин моҳ набард гуноҳи калон аст. Локин шуморо аз роҳи Ислом боз доштан, ба Аллоҳ кофир шудан, шуморо дар дохили Масҷидулҳаром аз намоз хондан боздоштан ва аҳли Маккаро (мусулмононро), ки ҳомии хонаи Худо буданд, аз он мулку диёр хориҷ намудан, ин ҳама назди Аллоҳтаъоло аз куштани шахсе гуноҳи калонтару сахттар аст! Вақто ки онҳо ҳама муқаддасоти Маккаву Масҷидулҳаромро риоя накарда мусулмононро азоб доданд, куштанд, дар охир мусулмонон ба ҳиҷрат намудан маҷбур шуданд, оё чунин фитнаҳо аз одам куштан ҳам вазнинтар нест? Ин кофиронанд, ки агар қодир шаванд, доимо фитна меандозанд, то мусулмононро аз динашон ба куфр гардонанд. Оё ин ҳама назди Аллоҳтаъоло аз қатл бадтару гуноҳи бузургтар нест? Давоми оят мефармояд, ки онон ҳамеша бар зидди шумо бо ҳар воситаҳо, ҳар чи имконият доранд, то ин ки шумо аз динатон ба сӯи куфру гумроҳӣ боз гардед мубориза мебаранд, набард мекунанд. Локин қонуни Аллоҳтаъоло ин аст, ки ҳар мусулмоне кофир шавад, яъне аз дин баромада муртад шавад ва ба ҳамин куфр аз олам гузарад, тамоми савоби амалҳои солеҳи кардааш ҳабата (бекор) шуда, дар зарари дунё ва охират мемонад. Вай ҳамдаму ҳамнафаси Ҷаҳаннам гардида, дар он абадӣ монда, аз он хориҷ намешавад.
Хулоса, шахси муртадро аз назари қонуни Ислом то се рӯз ҳабс кунонида мешавад, шояд ки тавба намуда, боз ба дини Ислом баргардад.
Баъди нузули ояти мазкур Пайғамбар (с) он моли улҷа (муфт)-и бадастомадаро ва он ду асирро қабул намуданд. Ба ин васила аз мусулмонон, хусусан, аз Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш (р) ва ёронаш ин хиҷолат дур шуда бениҳоят хурсанд шуданд.
Аз Расулуллоҳ (с) пурсиданд, ки дар ин гуна ҳамла оё метавонем мисли дигар ғазоҳо умедвори савоб бошем? Дар ин асно ояти зер барои ҷавоби саволи онҳо, валлоҳу аълам, нозил шуд. (аз тафсири Ибни Касир).