Сураи бақара Ояти 223 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 223 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 223

نِسَآؤُكُمۡ حَرۡثٞ لَّكُمۡ فَأۡتُواْ حَرۡثَكُمۡ أَنَّىٰ شِئۡتُمۡۖ وَقَدِّمُواْ لِأَنفُسِكُمۡۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُم مُّلَٰقُوهُۗ وَبَشِّرِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٢٢٣ 

Нисаукум ҳарсу-л лакум фаъту ҳарсакум анно шиътум ва қаддиму ли анфусикум. Ва-т-тақуллоҳа ваъламу аннакум-м мулоқуҳ. Ва башшири-л муъминин. 223.

223. Занонатон барои шумо киштзоранд, пас, биоед ба киштзори худ ба ҳар равише, ки хоҳед! Ва барои худатон (амалҳои солеҳро) тақдим кунед (пеш фиристед). Ва аз Аллоҳ битарсед ва бидонед, ки албатта, шумо бо Ӯ мулоқот хоҳед кард! Ва муъминонро башорат диҳед!

Худованд алоқаҳои ҳассос ва нозуке, ки байни марду зан баъди никоҳ пайдо мешавад, дар чандин оятҳои Қуръони карим баён кардааст. Аз он ҷумла, дар оятҳои гузашта чунин омада буд, ки зан ва мард либоси якдигаранд. Яъне либос ба бадан чи қадар наздик бошад, мард ба зан ва зан бо мард баъди никоҳ бо ҳам ҳамон қадар наздиканд. Сабаби нузули ин оятро муфассирони олиқадр дар ҳадисе аз Ибни Аби-Ҳотам аз Юнус ва дар охир аз Абдуллоҳ ибни Аббос (р) ривоят мекунанд, ки аз қабилаи Ҳумайр гурӯҳе ба назди Расулуллоҳ (с) барои пурсидани масъалаҳои худ омаданд ва аз чанд масъала Расулуллоҳ (с)-ро пурсиданд. Яке аз онҳо пурсид, ки ё Расулаллоҳ (с) ман (ҳангоми хуфтухоб) ба зироатгоҳи (яъне олати ҷинсии) зани худ аз қафо меоям, шумо ба ман чӣ мефармоед! Расулуллоҳ (с) ин оятро то “анно шиътум” дар ҷавоб ба ӯ хонданд. Макони зироат (зироатгоҳ) – мавзеъи наслгирии шумо дар раҳми (бачадони) занҳоятон гузошта шудааст. Яъне шумо ҳангоми омезиш фақат дар мавзеъи зироату насл пайдо шудани онҳо биоед ва ба ғайри он дар дигар мавзеъ таҷовуз накунед. 

Ибни Аббос (р) мегӯяд: мурод аз он, гуфтани «Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим» ҳангоми омезиш аст ва зироъати худро аз ҷое об деҳ, ки аз он ҷо мерӯяд, яъне насл пайдо мешавад. Қисми ояти каримаро, ки (анно шиътум) аст, муфассирони аҳли суннат ва ҷамоъат чунин тафсир кардаанд. Мард метавонад бо зани худ бо тарзи дилхоҳ алоқаи ҷинсӣ (мубошират) кунад. Ҳолат ва нисбати ҳамдигар ҷойгиршавии марду зан ҳангоми мубошират фарқ надорад. Мард хоҳ аз пеш, хоҳ аз қафо, хоҳ аз паҳлӯ, хоҳ дар ҳолати хобида мубошират кунад, бояд фақат як мавзеъ – зироатгоҳ, яъне олати ҷинсии занро ҳадаф қарор диҳад. 

Мутаассифона, баъзеҳо ин қисми ояти мазкурро нодуруст маънидод намуда, алоқаи ҷинсиро дар дубур (сӯрохии маъқад, ақиб) иҷозат додаанд. Ин маънидод мутлақо нодуруст аст, мубошират дар дубур тақрибан бо 17 ҳадиси Расулуллоҳ (с) ҳарому мамнӯъ эълон шудааст. Чунин шахс аз ҷумлаи ҳафт тоифа шахсонест, ки рӯзи қиёмат ба онҳо Аллоҳ назари раҳмат намекунад. Дар ин хусус ҳадисеро Ҷаъфари Фариёбӣ аз Қутайба ва дар охир Абдуллоҳ ибни Умар (р) аз Расулуллоҳ (с) ривоят мекунанд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: Бо ҳафт тоифа мардум Аллоҳтаъоло дар рӯзи қиёмат назар намекунад ва онҳоро тазкия ҳам намекунад ва ба онҳо мегӯяд: “Дароед Дӯзахро бо ҳамроҳии дарояндагон”.   

1-ум. Зинокору зиношуда. 2-юм. Қонеъкунандаи ғаризаи ҷинсӣ бо дасти худ. 3-юм. Ватӣкунандаи чаҳорпо. 4-ум. Мубошираткунанда дар дубури зан. 5-ум. Ҷамъкунандаи зан ва духтари он зан (дар як никоҳ). 6-ум. Шахсе, ки бо ҳамсояи худ зино мекунад. 7-ум. Ҳамсояашро то дараҷае озор медиҳад, ки ҳамсояаш ба ӯ лаънат мехонад. Дар давоми оят Аллоҳтаъоло мефармояд, ки барои худатон (хубиҳоро) тақдим кунед! Яъне, шумо машғули он тоъатҳое бошед, ки онҳо барои оумо ҳамчу захираи қиёмат бошанд. Он чи ки Аллоҳ ҳаром гардонидааст, накардан, тоъати Ӯ таъолоро ба ҷо овардан ва аз он чи, ки наҳй кардааст, дур будан, ҳамин аст тақдим ва захираи охират. Ӯ таъоло боз мефармояд, ки аз Аллоҳ битарсед, аз гуноҳ кардан бипарҳезед ва яқин донед, ки бозгашти шумо ба сӯи Ӯст. 

Шумо бинобар амалҳое, ки дар дунё анҷом додед, ҳисобот мешавед ва мувофиқи онҳо ҷазо дода мешавед. Аллоҳтаъоло дар охири оят мегӯяд, ки башорат бод барои мӯъминон. Яъне он мӯъминоне сазовори башорати Аллоҳ ба наҷот мешаванд, ки онҳо ба он чи Аллоҳ амр мекунад, итоъат мекунанд ва аз манънамудаҳои Аллоҳ худро барканор медоранд. Бо овардани ҳадисе, ки Имом Бухорӣ (р) аз Ибни Аббос аз Расулуллоҳ (с) ривоят карданд, шарҳи маънои оятро ба охир


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

мебарем. 

Дар боби шахсоне, ки мехоҳанд бо ҳамсарони ҳалоли худ хуфтухоб кунанд, Расулуллоҳ (с) чунин фармуданд: “Агар яке аз шумо хоҳад, ки бо аҳли худ наздикӣ кунад, гӯяд: Бисмиллоҳ. Аллоҳумма ҷанибна-ш-шайтона ва ҷаниби-ш-шайтона мо разақтано”. (Тарҷума: “Ба номи Аллоҳ, ай Бор Илоҳо як сӯ дор маро (аз) шайтон ва як сӯ дор шайтонро аз он чи, ки маро дар ин шаб ризқ (фарзанд) медиҳӣ! Пас ба дурустие ки агар фарзанде дар ҳамин шаб тақдир шуда бошад, абадӣ шайтон ба ӯ зарар расонида наметавонад. Бо чунин роҳ фарзандро ба дунё овардан иншоаллоҳ, ин ҳам тақдими амалҳои солеҳ барои захираи охират аст. Валлоҳу аълам.

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 222 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 224 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)