Сураи бақара Ояти 224 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 224 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 224

وَلَا تَجۡعَلُواْ ٱللَّهَ عُرۡضَةٗ لِّأَيۡمَٰنِكُمۡ أَن تَبَرُّواْ 

وَتَتَّقُواْ وَتُصۡلِحُواْ بَيۡنَ ٱلنَّاسِۚ وَٱللَّهُ سَمِيعٌ عَلِيمٞ ٢٢٤

Ва ло таҷъалуллоҳа ъурЗата-л ли аймоникум ан табарру ва таттақу ва туслиҳу байна-н-нос. Валлоҳу Самиъун Ъалим.  224.

224. Ва номи Худоро барои савгандҳои хеш то ин ки монеъ аз кори хайр шавед, дастовез қарор надиҳед ва парҳезгорӣ пеша кунед ва байни мардум салоҳ оред! Ва Худованд шунавою доност.

Аслан барои иҷро ва зидди ҳар кори кӯчаку бузург қасам хӯрдан лозим нест. Соҳибони зӯҳду тақво, ҳатто савганди ростро ҳам камтар мехӯранд. Масалан, Имом Абӯҳанифа (р) бар худ лозим карда буд, ки агар ба рости ҳам савганд хӯрад, бояд диноре садақа диҳад. Бинобар ин Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур мефармояд, ки қасами шумо ҳамчу дастовез, боиси тарки корҳои хайру савоби шумо нагардад. Агар шумо барои тарк намудани кори хайре ба Аллоҳ қасам хӯрда бошед ҳам, қасами худро шиканед ва кори хайру савобро анҷом диҳед. Кори нек чист? Масалан, шахсе қасам мехӯрад, ки валлоҳӣ, бо падар ё модари худ сухан намегӯям, ё ин ки намоз намехонам, ё қасам мехӯрад, ки ман ҳаргиз байни мардум маслиҳатҳои муфидро ё сулҳу салоҳро анҷом намедиҳам. Ҳол он ки тарки чунин корҳо дар шаръ гуноҳ ҳисобида шудааст. Бинобар мазмуни ояти мазкур барои тарки иҷрои амалҳои хайр қасам хӯрда бошад ҳам қасами худро шиканад, амалҳои хайрро иҷро кунад ва барои шикастани қасами худ каффорат диҳад. Зеро Аллоҳтаъоло мефармояд, ки ай бандагони ман, накӯкор бошед, Худотарс бошед, байни мардум ва хешу ақрабои худ салоҳкор бошед, Худованд суханҳои шуморо шунаванда ва аҳволи шуморо донанда аст. 

Абдуллоҳ Ибни Аббос (р) низ дар мазмуни ояти мазкур чунин гуфтаанд: Шумо ба Аллоҳ қасам хӯрдани худро сабаби тарки амри хайр нагардонед! Балки кори хайрро кунед ва ба ивази қасами худ каффорат диҳед. Имом Муслим аз Абӯҳурайра (р) ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: Ҳар шахсе барои иҷрои коре ё тарки он қасам хӯрад, аммо зидди ӯро беҳтар бинад, каффорати қасамро диҳаду кори худро анҷом диҳад. 

Дар ояти зер навъи қасамҳо ва дар ҳамаи он каффорат лозим аст, ё не, баён шудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 223 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 225 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)