Сураи бақара Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 25

وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ أَنَّ لَهُمۡ جَنَّٰتٖ تَجۡرِي مِن تَحۡتِهَا ٱلۡأَنۡهَٰرُۖ كُلَّمَا رُزِقُواْ مِنۡهَا مِن ثَمَرَةٖ رِّزۡقٗا قَالُواْ هَٰذَا ٱلَّذِي رُزِقۡنَا مِن قَبۡلُۖ وَأُتُواْ بِهِۦ مُتَشَٰبِهٗاۖ وَلَهُمۡ فِيهَآ أَزۡوَٰجٞ مُّطَهَّرَةٞۖ وَهُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٢٥

Ва башшири-л-лазина оману ва ъамилу-с- солиҳоти анна лаҳум ҷаннотин таҷри мин таҳтиҳа-л-анҳор. Кулламо рузиқу минҳо мин самарати-р-ризқан қолу ҳоза-л-лази рузиқно мин қаблу ва уту биҳо муташобиҳо. Ва лаҳум фиҳа азвоҷу-м мутаҳҳараҳ. Ва ҳум фиҳо холидун. 25.     

25. Ва башорат (деҳ) он касонеро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд, аз барои онҳо бӯстонҳое бошад, ки аз зери онҳо ҷӯйҳо ҷорӣ аст. Ҳар гоҳ аз он ҷо қисме аз меваҳо ризқ дода шаванд, гӯянд: «Ин ҳамон аст, ки пеш аз ин дода шуда будем». Ва он рӯзиро монанди якдигар ба онҳо оварда шавад ва онҳоро дар он ҷо занони поккардашуда аст ва онҳо дар он ҷо ҷовидон бошанд.

Ҳақсубҳонаҳу ва таоло ба ҳабиби худ фармудааст, ки ай Муҳаммад (с), ба касоне ки дар дунё имон оварданду бо имони худ амали солеҳро ҷамъ карданд, башорат деҳ, ки албатта, барои чунин шахсон бӯстонҳое омада карда шудааст, ки аз намудҳои гуногуни дарахтон шодобу сарсабз аст. Аз зери қасру кӯшкҳо ва масканҳои онҳо ҷӯйҳо ва наҳрҳо бо ҳикмати илоҳӣ тавре лозим аст ҷориянд.

Ҳар гоҳе ба аҳли Ҷаннат аз ризқу неъматҳое, ки Ӯ таъоло барои онҳо пешбинӣ намудааст, дода шавад, байни худ гӯянд: ҳозир аз ҳамин чиз ба мо дода шуда буд. Фариштагон дар посухи сухани эшон гӯянд: “Эй аҳли Ҷаннат, эй бандагони Алоллоҳ, тановул кунед аз ин неъматҳо, ҳарчанд ки онҳо дар намуд як хел бошанд ҳам, вале лаззати гуногун доранд.” 

Ибни Аббос (р) гуфтааст, ки ҳар чизе дар Ҷаннат ҳаст, ба ашёи дунёӣ дар исм шабоҳат дорад, аммо дар таъму мазза билкул фарқ мекунад.

Илова ба неъматҳои ба аҳли Ҷаннат додашуда ба ҷаннатиён боз ҳурҳо (занҳо)-и ҷаннатӣ дода мешаванд, ки онҳо аз тамоми айбу нуқсон поканд. Дар ривоят омада аст, ки Аллоҳтаъоло ба занҳои мӯъминаи ин дунё дар рӯзи қиёмат аз ҳурҳои ҷаннатӣ дида ҳусну латофати бештар ато мекунад. Онҳо аз зебогии худ розӣ мешаванд ва дигар рашке дар онҳо нахоҳанд монд. Ба ҳамин мазмун дар оятҳои 35, 36, 37-и сураи «Воқеъаҳ” ишора рафтааст.

Дигар неъмати ҷаннатиён ин аст, ки онҳо дар он ҷо бо завҷаи худ ҷовидона хоҳанд монд. Ин камоли саодату хушбахтии онҳост.

Қуръон, ки китоби Аллоҳтаъолост, ба Пайғамбари охирин (с) нозил гаштааст. Дар Қуръон аз ашёи хурду ҳақир мисли пашша, анкабут, занбӯри асал, мӯрча ва ғайра барои ҳикмат сухан меравад. Кофирон аз ин дар ҳайрату шубҳа афтода мегӯянд: “Зикри чунин ашё барои аҳли сухан аз фасоҳату одоб нест, чи расад, ки Аллоҳтаъоло дар китоби худ зикри онҳоро намояд?”. Аллоҳтаъоло ба кофирон барои чунин ақидаашон дар ояти зер посух гуфта, фармудааст, ки бо зикри ин ашёе, ки барои масал оварда шудаанд, аз фасоҳату балоғати Қуръон заррае кам намешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)