Тафсири Сураи бакара Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 26
۞إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَسۡتَحۡيِۦٓ أَن يَضۡرِبَ مَثَلٗا مَّا بَعُوضَةٗ فَمَا فَوۡقَهَاۚ فَأَمَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فَيَعۡلَمُونَ أَنَّهُ ٱلۡحَقُّ مِن رَّبِّهِمۡۖ وَأَمَّا ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ فَيَقُولُونَ مَاذَآ أَرَادَ ٱللَّهُ بِهَٰذَا مَثَلٗاۘ يُضِلُّ بِهِۦ كَثِيرٗا وَيَهۡدِي بِهِۦ كَثِيرٗاۚ وَمَا يُضِلُّ بِهِۦٓ إِلَّا ٱلۡفَٰسِقِينَ ٢٦
Инналлоҳа ло ястаҳйи ай-яЗриба масала-м мо баъуЗатан фа мо фавқаҳо. Фа амма-л-лазина оману фа яъламуна аннаҳу-л-ҳаққу ми-р-Раббиҳим. Ва амма-л-лазина кафару фа яқулуна мо за ародаллоҳу би ҳозо масало. ЮЗиллу биҳо касира-в ва яҳди биҳи касиро. Ва мо юЗиллу биҳи илла-л- фосиқин. 26.
26. Ҳаройина, Аллоҳ шарм надорад аз ин ки достонеро мисли пашша (ва) болотар аз он масал бизанад. Аммо ононе ки имон овардаанд, медонанд, ки ин достон рост ва аз Парвардигорашон аст ва аммо онон, ки кофиранд, мегӯянд: «Чӣ чизе хостааст Аллоҳ бо ин достон?». Аллоҳ гумроҳ мекунад ба сабаби вай бисёреро ва ҳидоят мекунад бисёреро. Ва гумроҳ намекунад ба сабаби вай, магар фосиқонро.
Зимни ояти мазкур Аллоҳтаъоло хабар додааст, ки Ӯ таъоло аз зикри ашёи хурду ҳақир, ки дар Қуръон барои тамсил омадаасту ҳикматҳо дар он ниҳон аст, шарм намекунад. Аллоҳтаъоло дар офариниши ин гуна чизҳои майда монанди пашша ва ғайри он ҳаё накард, дар зикри онҳо ҳам барои мисол шарму ҳаёро ҷоиз намедонад. Мӯъминон ҳангоми дар Қуръон вохӯрдани зикри ин гуна ашё дар ҳайрат намеафтанд ва ба каломи раббонӣ ва ҳақ будани он шакку шубҳа намекунанд, балки итминони комил доранд, ки он сухани Аллоҳтаъолост. Аммо кофирон ҳастанд, ки аз ин дар тааҷҷуб меафтанд ва мегӯянд: “Бо зикри ин ашёи ночиз Аллоҳтаъоло чи мехоста бошад?” Аз ин сабаб зери мазмуни ояти мазкур Аллоҳтаъоло фармудааст, ки бо зикри чунин ашё куффор боз бисёртар дар гумроҳӣ фурӯ мераванд ва баръакс бисёре аз мӯъминон барои тасдиқашон роҳи ҳидоятро меёбанду мартабаашон афзун мегардад.
Дар анҷоми оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки бо овардани чунин мисолҳо ва зикри ашёи ҳақир ҳама гумроҳ намегардад, магар фосиқон! Зеро онҳо мегӯянд: “Суханварон дар гуфтори худ аз зикри чунин ашёи ночиз худдорӣ мекунанд, зеро ин аз рӯи фасоҳат нест”. Набояд, ки инро Аллоҳи бузург гуфта бошад ва дар китоби Ӯ чунин ҳарф набояд ҷой дошта бошад.
Боз чанд одату сифатҳои шахсони мунофиқу фосиқ дар ояти зер иншоаллоҳ, зикр мешавад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «