Тафсири Сураи бакара Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 24
فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ وَلَن تَفۡعَلُواْ فَٱتَّقُواْ ٱلنَّارَ ٱلَّتِي وَقُودُهَا ٱلنَّاسُ وَٱلۡحِجَارَةُۖ أُعِدَّتۡ لِلۡكَٰفِرِينَ ٢٤
Фа ил-лам тафъалу ва лан тафъалу фа-т-тақу-н-нора-л-лати вақудуҳа-н-носу вал-ҳиҷораҳ. Уъиддат лил кофирин. 24.
24. Пас, агар накардед ва албатта, карда (ҳам) наметавонед, пас, аз оташ ҳазар кунед, он оташе, ки сӯзишвории (ҳезуми) вай мардум ва сангҳо бошанд ва он барои кофирон омода карда шудааст.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур таҳдидан ба инкоркунандагони Китоби осмонӣ фармудааст, ки чун шумо аз эҷоди кӯтоҳтарин сурае чун сураҳои Қуръон оҷиз мондед ва мадади ҳамфикрҳоятон низ ба шумо суде расонида натавонист, пас яқин донед, ки на шумо ва на баъди шумо ҳам касе ба чунин кор қодир нахоҳад шуд.
Давоми оят фармудааст, ки чун шумо дар чунин амал бечора мондед ва аз дастатон коре наомад, дигар ба ин гуна амали имконнопазир даст мазанед ва худро аз тӯъмаи нори Ҷаҳаннам шудан барҳазар доред, зеро Аллоҳтъоло барои касоне ки китоби Ӯ ва пайғамбари Ӯро инкор мекунанд, аз оташи дӯзах макон омода намудааст. Он оташе аст, ки ҳезуми ӯ маҳз инсонҳои саркашу аз ҳақ рӯгардон ва сангҳо мебошад.
Хабари яке аз мавод (ҳезум)-и оташи Дӯзах будани санг ишораест, ки ҳарорати оташи Дӯзах хело баланд аст.
Таҷрибаҳои дунявӣ нишон додаанд, ки навъи сангҳои лавагие ки дар рӯйи замин аст аз боқимондаҳои вулқонҳост. Барои гудозиши онҳо 1200 дараҷа гарми лозим аст.
Аммо ҳарорати санги моеъ дар қураъи вулқон ба 2500-3000 дараҷа мерасад.
Хулоса, барои оташ гирифтани санг ҳамчун маводи сӯзишворӣ ҳарорати хело зиёд лозим аст.
Аз манбаъҳои таърихи маълум мегардад, ки инсон ангиштро ҳамчун маводи сӯзишворӣ 3000 сол боз инҷониб истифода бурда истодааст.
Бо шакли дигар дар Тафсири Ҳилол доир ба ин масъала чунин омадааст:
Оятҳои тарҳиб (тарсдиҳанда) инҷо поён ёфт, акнун дар ояти зер барои фарқ гузоштан байни ду гурӯҳи бандагон тарғиби неъматҳое сурат мегирад, ки барои дӯстони Ӯ таъоло омода карда шудаанд.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «