Сураи бақара Ояти 250 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 250 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 250

وَلَمَّا بَرَزُواْ لِجَالُوتَ وَجُنُودِهِۦ قَالُواْ رَبَّنَآ 

أَفۡرِغۡ عَلَيۡنَا صَبۡرٗا وَثَبِّتۡ أَقۡدَامَنَا وَٱنصُرۡنَا عَلَى ٱلۡقَوۡمِ ٱلۡكَٰفِرِينَ ٢٥٠

Ва ламмо баразу ли Ҷолута ва ҷунудиҳо қолу Раббана африғ ъалайно сабра-в ва саббит ақдомано вансурно ъала-л-қавми-л-кофирин. 250. 

250. Ва он гоҳ, ки барои Ҷолут ва лашкарҳои вай муборизаро шурӯъ намуданд, гуфтанд: «Парвардигоро, бар мо сабрро бирез ва қадамҳои моро маҳкам кун ва моро бар қавми кофирон ғалаба деҳ».

Вақто ки лашкари Толут хостанд, дар майдони васеъ бо лашкари Ҷолут ба мубориза бархезанд, қаблан бо тазаррӯъ се дуъо намуданд, ки сабаби фоида ва нусрати онҳо шуд. 1-ум: Ай Парвардигор, ҳамаи моро бо сабр файзбор соз, то ин ки бар зидди душмани худ ҷангида тавонем! 2-ум: Парвардигоро! Қадамҳои моро дар майдони ҳарб устувору мустаҳкам соз, то ба шикаст рӯ ба рӯ нашавем ва дар дили мо хоҳиши гурезро аз майдони ҳарб наандоз! 3-ум: Парвардигоро! Моро бар шахсоне, ки ба Ту кофиранду расули Туро дурӯғ меҳисобанд, яъне бар Ҷолут ва лашкари ӯ ғолиб гардону орзуи моро амалӣ соз ва моро алайҳи ҷолутиён нусрат деҳ. 

Ояти баъдӣ давоми ояти қаблӣ аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 249 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 251 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)