Сураи бақара Ояти 251 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 251 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 251

فَهَزَمُوهُم بِإِذۡنِ ٱللَّهِ وَقَتَلَ دَاوُۥدُ جَالُوتَ وَءَاتَىٰهُ ٱللَّهُ ٱلۡمُلۡكَ وَٱلۡحِكۡمَةَ وَعَلَّمَهُۥ مِمَّا يَشَآءُۗ وَلَوۡلَا دَفۡعُ ٱللَّهِ ٱلنَّاسَ بَعۡضَهُم بِبَعۡضٖ لَّفَسَدَتِ ٱلۡأَرۡضُ وَلَٰكِنَّ ٱللَّهَ ذُو فَضۡلٍ عَلَى ٱلۡعَٰلَمِينَ ٢٥١

Фа ҳазамуҳум би изниллоҳи ва қатала Довуду Ҷолута ва отоҳуллоҳу-л-мулка ва-л-ҳикмата ва ъалламаҳу миммо яшаъ. Ва лав ло дафъуллоҳи-н-носа баъЗаҳум би баъЗи-л ла фасадати-л-арЗу ва локинналлоҳа зу фаЗлин ъала-л-ъоламин. 251. 

251. Пас, шикаст доданд ҷолутиёнро ва кушт Довуд Ҷолутро ва дод Аллоҳ Довудро подшоҳӣ ва илм ва биомӯхт ӯро аз он чӣ мехост. Ва агар дур кардани Аллоҳ мардумро баъзеро ба баъзе набудӣ, ҳаройина, дар Замин табоҳӣ мешуд, валекин Аллоҳ нисбат ба ҷаҳониён соҳиби фазлу карам аст.

Аллоҳтаъоло дуъои мӯъминонро, ки итоъати пайғамбарашонро намуданд, қабул фармуд, ҳарчанд ҷолутиён зиёд ҳам буданд, мӯъминонро танҳо нагузошт. Бо иродаи худ Аллоҳтаъоло онҳоро бо вуҷуди камиашон бар душманҳояшон ғолибу пирӯз гардонд. Довуди ҷавон (а), ки  нав сарбоз буду дар ӯ нишонаҳои барӯмандӣ зоҳир буд, Ҷолутро ба қатл расонид. Ҷолути зулмпеша бо зарбаи Довуд (а) кушта шуд. Лашкари ӯ сарлашкари худро ба замин афтода диданд, аз ин тарсида ба фирор рӯ оварданд. Дар ин ҷо, чӣ гуна ва бо чӣ шикаст хӯрдани он ситамгору лашкаркаш ба дасти Довуди ҷавон ишора нашудааст, лекин дар баъзе қиссаҳо омада, ки Довуд (а) фалахмон дошт, як-ду санг ба он андохт, рост ба пешонаи Ҷолут расид, ӯ фарёд кашиду ба ҳалокат расид. Овардаанд, ки сабаби подшоҳ шудани Довуд баъди Толут он будааст, ки чун Толут бо фаросати худ қуввати Довудро фаҳмид, ба ӯ ваъда намуд, ки агар Ҷолутро кушта тавонӣ, духтарамро ба ту никоҳ мекунам, неъмататро фаровон мекунам ва дар кори подшоҳӣ ва умури мамлакат шарикат мекунам. 

Дар ҳақиқат Толут ба сухани худ вафо намуд. Баъди Толут мулку подшоҳии диёри Толут ба ҳисоби Довуд (а) гузашт. Аз ҳамин ҷиҳат Аллоҳтаъоло фармудааст, ки дод Аллоҳтаъоло Довудро, он мулке, ки ба ҳисоби Толут буд ва инчунин баъди вафоти Шамуъил (а) мартабаи пайғамбариро ба ӯ ато фармуд. Аллоҳтаъоло ба иродаи Худ аз илму ҳикмате, ки хосс ба ӯ буд, ба Довуд (а) омӯхт. Овардаанд, ки мурод аз илму ҳикмат он аст, ки Худованд ба Довуд (а) тадбири кишвардорӣ, сохтани ҷебаву ҷавшан, шинохтани забони паррандагон, дар ихтилофҳо миёни мардум доварӣ кардан, сохтани васоили ҷангӣ ва ғайраро омӯзонид. 

Дар давоми оят Худованд фармудааст, ки агар Аллоҳтаъоло мардумеро, ки сабаби фитнаву фасод ҳастанд, бо насиҳати олимону накӯкорон (амри маъруф ва наҳйи мункар) ислоҳ накунад ва ё бо ҷиҳоде баъзеи онҳоро нест накунад, меъёри ҳаёт дар дунё фосид мешавад. Зеро бадии бадон агар дар олам ҳукмфармо шавад, маънавият фосиду тарзи зиндагии ҳайвонӣ ҳукмфармоӣ мекунад. Амри Парвардигор чунин қарор гирифтааст, ки дар ҳама ҳол бояд ҳукумат ба адл бошад ва мардум гирифтори зулм набошанд. Вақто ки ситамгарон мехоҳанд, бо дасисаҳои худ ҷаҳонро хароб кунанд ва фикрашонро бар мардум таҳмил кунанд, гурӯҳе аз мардум, то ин ки пеши роҳи фасодкоронро гиранд, ба по мехезанд, ҳукумати шайтонии онҳоро бо фазли Худованд дар ҳам мекӯбанду аз зери зулму ситами онҳо раҳо ёфта, худро ба озодии ҳақиқӣ мерасонанд. 

Албатта, Аллоҳтаъоло соҳиби фазлу бахшиш аст, бо фазли худ барои мардуми ҳаққталаб, то ин ки ҳаққ бар ботил ғалаба кунад, нусрат мебахшад ва пирӯзиро насиби онҳо мегардонад. Барои фитнаро фурӯ нишондан бархе аз бадонро бо василаи бархе аз некон дафъ мекунад. Чунин мазмун, иншоаллоҳ, дар ояти 40-уми сураи «Ҳаҷ» бори дигар мушоҳида мешавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 250 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 252 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)