Тафсири Сураи бакара Ояти 265 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 265
وَمَثَلُ ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمُ ٱبۡتِغَآءَ مَرۡضَاتِ ٱللَّهِ وَتَثۡبِيتٗا مِّنۡ أَنفُسِهِمۡ كَمَثَلِ جَنَّةِۢ بِرَبۡوَةٍ أَصَابَهَا وَابِلٞ فََٔاتَتۡ أُكُلَهَا ضِعۡفَيۡنِ فَإِن لَّمۡ يُصِبۡهَا وَابِلٞ فَطَلّٞۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ بَصِيرٌ ٢٦٥
Ва масаалу-л-лазина юнфиқуна амволаҳумубтиғоа марЗотиллоҳи ва тасбита-м мин анфусиҳим ка масаали ҷаннатин би рабватин асобаҳо вобилун фа отат укулаҳо Зиъфайни фа ил лам юсибҳо вобилун фа таллун. Валлоҳу би мо таъмалуна басир. 265.
265. Сифати касоне, ки молҳои хешро аз ҷиҳати ризомандии Аллоҳ ва бо сабаби эътиқоди ношӣ (пайдошаванда) аз дили хеш харҷ мекунанд, монанди сифати боғест ба макони баланд, ки бар вай борони бузург бирасад, пас, меваҳои худро чандон оварад, пас, агар ӯро борони бузург нарасад ҳам, шабнами саҳар барояш кифоя бошад. Ва Аллоҳ ба он чи ки мекунед, биност.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур зарбулмасали аҷоиберо мисол оварда фармудааст, ки амали шахсоне, ки молҳои худро барои хушнудии ҳазрати Раҳмон сарф мекунанд ва тасдиқу яқин доранд, ки зуд аст, Ӯ таъоло подоши онро ба мартабаҳои зиёд ба онҳо медиҳад, ба боғи сердарахте монанд аст, ки дар нуқтаи баландии замин ҷой гирифтааст. Меваҳои ӯ нисбатан тару тозаанд. Ба боғ пай дар пай боронҳои бисёр меборад. Боғ чандон ҳосиле медиҳад, ки нисбат ба дигар боғҳои аз худ поён, хеле зиёд аст. Агар ба он борони бисёр нарасад ҳам, аз ҷиҳати латофати ҳавое, ки дар он баландист, боронҳои андак ва ё шабнам кифоя аст. Дар ҳама сурат, ба хотири баланд будани макони худ, аз ҳавои озод ва нури Офтоб истифода намуда, меваҳои худро ба сифати аъло бисёр хуб мерасонад. Инчунин аст достони мӯъмине ки агар Худованд ба ӯ сарвату сармояи бисёр диҳад, ӯ ҳам барои ризои Ҳақтаъоло садақоти бисёр медиҳад. Аммо ҳамчу борони сабук ё шабнам ба сарвати андак молик шавад, боз ҳам аз садақот додан даст барнадошта, ба қадри тоқат садақот медиҳад. Зеро ҳадаф аз бахшидан ризои Аллоҳро ба даст овардан аст. Дар натиҷа, Аллоҳ амали чунин мӯъминонро бо маротибаҳои зиёд қабул мефармояду аҷр медиҳад.
Ӯ таъоло дар охири ояти мазкур фармудааст, ки Худованд ба он чӣ анҷом медиҳед, огоҳ аст. Яъне он чизе, ки нафақа мешавад, Аллоҳ медонад, ки он моли сарфшуда барои ризои Ӯст ё омехтаи миннату озор, ё барои риё аст. Худовандо дилу амалҳои моро моили ризои худат гардон ва амалҳои мо, мӯъминонро аз олоишҳои риё нигоҳ дор. Омин. Хулоса, шахсоне, ки касби боғдорӣ доранд, маънои ояти мазкурро хубтар мефаҳманд. Валлоҳуаълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «