Тафсири Сураи бакара Ояти 278 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 278
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱتَّقُواْ ٱللَّهَ وَذَرُواْ مَا بَقِيَ مِنَ ٱلرِّبَوٰٓاْ إِن كُنتُم مُّؤۡمِنِينَ ٢٧٨
Йа айюҳа-л-лазина оману-т-тақуллоҳа ва зару мо бақия мина-р-риба ин кунтум-м муъминин. 278.
278. Эй касоне ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва агар аз аҳли имон ҳастед, он чӣ аз рибо (суд) мондааст, тарк кунед.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур бандагони мӯъмини худро ба парҳезгорӣ амр намуда, аз он амалҳое, ки онҳоро ба азоби ҷаҳаннам наздик месозад, наҳй мекунад. Муфассирони олиқадр сабаби нузули ин оят ва баъдиро бо ривояти Ибни Ҳаббон ва Зайди Асламӣ (р) чунин ривоят кардаанд. Байни бани Амр, яъне Ибни Умайр аз қабилаи Сақиф бо бани Муғира аз қабилаи махзумиҳо дар ҷоҳилият (пеш аз Ислом) судхӯрӣ буд. Вақто ки Ислом омад, онҳо ба Ислом гаравиданд. Сақифиҳо хостанд, мисли пештара судро аз махзумиҳо гиранд, бани Муғира, яъне махзумиҳо машварат карданду гуфтанд, ки дини Ислом риборо ҳаром ҳукм кардааст,алҳамдулиллоҳ, ҳоло мо мусалмонем, аз касбу қарзҳои ҳолати исломӣ ба шумо рибо намедиҳем, аммо рибое, ки пеш аз ислом оварданамон ба зиммаи мо мондааст, мепардозем, гуфта назди ҳокими шаҳрашон мурофиа намуданд. Ҳукми ин қазияро Итоб ибни Усайд ноиби Макка аз Расулуллоҳ (с) ба воситаи мактуб пурсид. Расулуллоҳ (с) дар ҷавоб ду ояти мазкурро ҳамчун ҳукми илоҳӣ ҷавоб навиштанд. (Ибни Касир).
Худованд дар ин оят бо нидо мефармояд, ки эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ битарсед ва муроқиби амали худ бошед. Акнун, ки шумо соҳиби имон шудед, тарси Худоро пеша намуда, он рибохӯрие, ки дар ҷоҳилият байни ҳамдигар доштед, як сӯ гузоред. Агар қарзатонро гирифтанӣ шавед, асли молро гиреду рибо нагиред, зеро Худованд риборо ҳаром сохтааст.
Дар ривояте омада, ки баъди нузули ин ояти мазкур Расулуллоҳ (с) дар хутбаи ҳаҷҷи видоашон фармуданд: “Огоҳ бошед, ҳамаи он рибоҳое, ки мардум бо якдигар дар замони ҷоҳилият доштанду суд мегирифтанд, бояд ҳама тарку фаромӯш шавад. Нахустин рибое, ки ман ӯро ба фаромӯшӣ месупорам, рибои амакам Аббос ибни Абду-л-Мутталиб аст.”
Ҷазои мардуме, ки аз рибохӯрӣ боз намемонанд, дар ояти зер бори дигар зикр шудааст.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «