Тафсири Сураи бакара Ояти 279 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 279
فَإِن لَّمۡ تَفۡعَلُواْ فَأۡذَنُواْ بِحَرۡبٖ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦۖ وَإِن تُبۡتُمۡ فَلَكُمۡ رُءُوسُ أَمۡوَٰلِكُمۡ لَا تَظۡلِمُونَ وَلَا تُظۡلَمُونَ ٢٧٩
Фа ил лам тафъалу фаъзану би ҳарби-м миналлоҳи ва расулиҳ. Ва ин тубтум фа лакум руусу амволикум ло тазлимуна ва ло тузламун. 279.
279. Пас, агар нагаравед, пас ба ҷанге аз тарафи Худо ва Расули Ӯ хабардор бошед. Ва агар тавба кардед, пас, шуморост асли молҳои шумо, на шумо ситам кунед ва на бар шумо ситам кунанд.
Дар ояти мазкур барои шахсоне, ки судхӯриро баъди имон овардан ҳам тарк намекунанд, таҳдиди шадид ва ваъдаи таъкидист. Яъне оят ҳушдор медиҳад, ки агар ба кори худ, ҳамчунонки ҳаст, идома диҳанд ва дар баробари ҳукми Худо таслим нашаванд ва ба макидани хуни мардуми маҳруму заҳматкаш машғул бошанд, бидонанд, ки дар ҷанги рӯ ба рӯ бо Худо ва Расули Ӯ (с) қарор доранд. Яъне бо фармони Худованду Расулуллоҳ (с), ё подшоҳи мардум бо василаи мубориза метавонанд, ҷилави вайронкунандаҳои қонуни илоҳиро гиранд. Зеро рибохӯрӣ гуноҳи кабира аст.
Дар давоми оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки агар шумо аз рибохӯрӣ бозгардеду онро тарк намуда, тавба кунед, раъсулмол (асли сармоя)-и шумо бе нуқсон аз они шумост. Дар ин сурат на шумо ситам мекунед бар касе ва на шумо ситам карда мешавед. Ин қонуни илоҳӣ комилан одилона буда, сармоягузороне, ки моли худро ба мардум бо рибо қарз дода буданд, баъди тавба намудан метавонанд бе зиёдатию бе нуқсон асли моли худро гиранд. Дар чунин сурат онон на золиманд ва на мазлум.
Давоми қиссаи бани Сақиф ва бани Муғира ин аст, ки волии Маккаи Мукаррама дар он асно Итоб ибни Усайд (р) буданд. Расулуллоҳ (с) ба номи ӯ хат навиштанду фармуданд, ки эй касоне, ки имон овардаед, агар мӯъмин бошед, аз Худо битарсед, рибохӯриро тарк кунед. Агар итоат намекунед, бояд бидонед, ки дар мақоми ҷанг бо Худо ва Расули Ӯ (с) қарор доред. Яъне ба Итоб ибни Усайд (р) амр шуд, ки агар бани Сақиф судхӯриро тарк накунанд, бо онҳо биҷангад. Баъди омадани ин хабар, бани Сақиф гуфтанд, моро тоби ҷанг бо Худову Расули Ӯ нест, пас тавба намуданд ва ҳеҷ навъ риборо аз махзумиҳо нагирифтанд. (Аллоҳ аз онҳо розӣ шавад).
Ояти зер халосӣ аз чунин муамморо бори дигар, иншоаллоҳ, эзоҳ медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «