Тафсири Сураи бакара Ояти 277 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 277
إِنَّ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ لَهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٢٧٧
Инна-л-лазина оману ва ъамилу-с-солиҳоти ва ақому-с-салота ва отаву-з-закота лаҳум аҷруҳум ъинда Раббиҳим ва ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум яҳзанун.277.
277. Ҳаройина, касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста карданд ва намозро барпо доштанд ва закотро доданд, музди онҳо назди Парвардигорашон аст ва бар онҳо тарсе нест ва онҳо андӯҳгин нашаванд.
Ояти мазкур бо номбарии ду рукни асосии Ислом сифати шахсони мӯъминро баён намуда, фармудааст, ки касоне, ки ба Парвардигор имон овардаанду амалҳои шоистаро анҷом додаанд, барои шукрона ба халқи Худо эҳсон намудаанд ва дар баробари ин намозҳои фармудаи илоҳиро дар вақтҳояшон барпо доштаанд ва аз молҳои худ барои кӯмаки ниёзмандон закоту садақотро адо кардаанд, назди Парвардигорашон подошу ҳурмати комил доранд. Онҳо аз тарсу ҳавли машаққатҳои рӯзи қиёмат ҳеҷ гуна тарсе надоранд ва на онҳо дар он рӯз андӯҳгин мешаванд. Онҳо оромии комилро дар дунё ва охират бархурдоранд.
Ояти зер бори дигар мӯъминонро ба тарки рибохӯрӣ даъват намуда, бадбахтии рибохӯриро ёдрасашон мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «