Тафсири Сураи бакара Ояти 280 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 280
وَإِن كَانَ ذُو عُسۡرَةٖ فَنَظِرَةٌ إِلَىٰ مَيۡسَرَةٖۚ
وَأَن تَصَدَّقُواْ خَيۡرٞ لَّكُمۡ إِن كُنتُمۡ تَعۡلَمُونَ ٢٨٠
Ва ин кона зу ъусратин фа назиратун ило майсараҳ. Ва ан тасаддақу хайру-л лакум. Ин кунтум таъламун. 280.
280. Ва агар шахси қарздор муфлис (нодор) бошад, пас то тавонгар шудани он муҳлат додан лозим аст ва он гоҳ, ки хайрот кунед, барои шумо беҳтар аст, агар донанда ҳастед.
Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур бо меҳрубонии худ гурӯҳи заифи ҷомеаро тарафдорӣ намуда, қарздиҳандаро иршод фармудааст, ки агар барои қарздор мӯҳлати баргардонидани қарз расид, аммо алҳол наметавонад, қарзи худро сари вақт баргардонад, соҳиби қарз набояд ба ӯ фишор орад, ё ашёи зарурии хонаи ӯро ба гарав барад. Балки, чунонеки Аллоҳ ба сабр амр фармудааст, ба қарздор боз андаке мӯҳлат диҳад, то ӯ битавонад имконияти худро ҷамъ намуда, қудрати пардохт ёбаду қарзи худро адо кунад. Худованд аз шахсоне, ки худро қарздиҳандагони замони ҷоҳилият, ки ба қарздори худ мегуфтанд, агар сари вақт қарзро адо накунӣ, фалон миқдор суд (прооент) медиҳӣ, монанд месозанд, ризо нест. Балки фармудааст, ки қарздиҳандаҳоеро, ки олиманду аҷри қарздиҳиро медонанд, агар қарздор нодору бечора бошад, аз баъзе қисми қарзашон ё аз ҳамаи он гузаранду афв кунанд, барои онҳо хайру савоби бузург аст. Иҷрои чунин амал эҳсоси кинаварзӣ ва интиқомҷӯёнаеро ки байни ҳар ду тараф пайдо мешавад, ба муҳаббат бадал мекунад ва ин амал садақа дар роҳи Аллоҳ ҳисоб мешавад. Барои мадҳи шахсоне, ки аз қарздори нотавони худ гузашт мекунанд, ҳадисҳои Расулуллоҳ (с) бисёр аст. Мо аз ҷиҳати заъфи ҳол дуи онҳоро, то ин ки ҷавобгӯи мақсадҳои ин оят бошанд, иншоаллоҳ, интихоб намудем.
Имом Аҳмад аз силсилаи ровиҳо ва дар охир аз Ибни Умар (р), аз Расулуллоҳ (с), ривоят кардаанд, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: “Шахсе, ки хоҳад дуояш қабул шавад ва мушкилоташ осон шавад, ба қарздори худ, ки нотавон аст, осонӣ нишон диҳад.”
Дар «Саҳеҳ»-и Бухорӣ аз Ҳишом (р) ва дар охир аз Абӯ Ҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Расулуллоҳ (с) рӯзе бо ёрон дар ин хусус сӯҳбате доштанд. Ҳазрат (с) нақл карданд, ки тоҷире буд, ки мардумро қарз медод, вақто ки ҷамъкунандагони худро барои қарзҳо равон месохт, ба онҳо васият мекард, ки шумо меравед дар ҳолати ҷамъ намудани қарзҳо, кадоме аз қарздорон нодору аз ӯҳдаи пардохти қарз баромада натавонанд, аз онҳо даргузаред! Шояд, ки Аллоҳтаъоло аз гуноҳҳои моён даргузарад, Худованд аз гуноҳи чунин шахсон даргузашт. (Ибни Касир).
Аллоҳтаъоло ба ояти зер бандагони худро аз он рӯзи пурдаҳшате, ки ягон чиз ба ғайри амали солеҳ нафъ намерасонад, барҳазар кунонида мегӯяд, ки:
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «