Тафсири Сураи бакара Ояти 282 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 282
يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا تَدَايَنتُم بِدَيۡنٍ إِلَىٰٓ أَجَلٖ مُّسَمّٗى فَٱكۡتُبُوهُۚ وَلۡيَكۡتُب بَّيۡنَكُمۡ كَاتِبُۢ بِٱلۡعَدۡلِۚ وَلَا يَأۡبَ كَاتِبٌ أَن يَكۡتُبَ كَمَا عَلَّمَهُ ٱللَّهُۚ فَلۡيَكۡتُبۡ وَلۡيُمۡلِلِ ٱلَّذِي عَلَيۡهِ ٱلۡحَقُّ وَلۡيَتَّقِ ٱللَّهَ رَبَّهُۥ وَلَا يَبۡخَسۡ مِنۡهُ شَيۡٔٗاۚ فَإِن كَانَ ٱلَّذِي عَلَيۡهِ ٱلۡحَقُّ سَفِيهًا أَوۡ ضَعِيفًا أَوۡ لَا يَسۡتَطِيعُ أَن يُمِلَّ هُوَ فَلۡيُمۡلِلۡ وَلِيُّهُۥ بِٱلۡعَدۡلِۚ وَٱسۡتَشۡهِدُواْ شَهِيدَيۡنِ مِن رِّجَالِكُمۡۖ فَإِن لَّمۡ يَكُونَا رَجُلَيۡنِ فَرَجُلٞ وَٱمۡرَأَتَانِ مِمَّن تَرۡضَوۡنَ مِنَ ٱلشُّهَدَآءِ أَن تَضِلَّ إِحۡدَىٰهُمَا فَتُذَكِّرَ إِحۡدَىٰهُمَا ٱلۡأُخۡرَىٰۚ وَلَا يَأۡبَ ٱلشُّهَدَآءُ إِذَا مَا دُعُواْۚ وَلَا تَسَۡٔمُوٓاْ أَن تَكۡتُبُوهُ صَغِيرًا أَوۡ كَبِيرًا إِلَىٰٓ أَجَلِهِۦۚ ذَٰلِكُمۡ أَقۡسَطُ عِندَ ٱللَّهِ وَأَقۡوَمُ لِلشَّهَٰدَةِ وَأَدۡنَىٰٓ أَلَّا تَرۡتَابُوٓاْ إِلَّآ أَن تَكُونَ تِجَٰرَةً حَاضِرَةٗ تُدِيرُونَهَا بَيۡنَكُمۡ فَلَيۡسَ عَلَيۡكُمۡ جُنَاحٌ أَلَّا تَكۡتُبُوهَاۗ وَأَشۡهِدُوٓاْ إِذَا تَبَايَعۡتُمۡۚ وَلَا يُضَآرَّ كَاتِبٞ وَلَا شَهِيدٞۚ وَإِن تَفۡعَلُواْ فَإِنَّهُۥ فُسُوقُۢ بِكُمۡۗ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ وَيُعَلِّمُكُمُ ٱللَّهُۗ وَٱللَّهُ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ٢٨٢
Йа айюҳа-л-лазина оману изо тадоянтум би дайнин ила аҷали-м мусамман фактубуҳ. Ва-л яктуб байнакум котибун би-л-ъадл. Ва ло яъба котибун ай-яктуба камо ъалламаҳуллоҳ. Фа-л яктуб ва-л юмлили-л-лази ъалайҳи-л-ҳаққу ва-л яттақиллоҳа Раббаҳу ва ло ябхас минҳу шайа. Фа ин кона-л-лази ъалайҳи-л-ҳаққу сафиҳан ав Заъифан ав ло ястатоъу ай юмилла ҳува фа-л юмлил валийюҳу би-л-ъадл. Васташҳиду шаҳодайни ми-р-риҷоликум. Фа ил лам якуно раҷулайни фа раҷулу-в вамраатони мим ман тарЗавна мина-ш-шуҳадаи ан таЗилла иҳдоҳумо фа тузаккира иҳдоҳума-л-ухро. Ва ло яъба-ш шуҳадау изо мо дуъу. Ва ло тас-аму ан тактубуҳу сағиран ав кабиран ила аҷалиҳ. золикум ақсату ъиндаллоҳи ва ақваму ли-ш шаҳодати ва адна алло тартобу. Илло ан такуна тиҷоратан ҳоЗиратан тудорунаҳо байнакум фа лайса ъалайкум ҷуноҳун алло тактубуҳо. Ва ашҳиду изо табояътум. Ва ло юЗорра котибу-в ва ло шаҳид. Ва ин тафъалу фа иннаҳу фусуқун бикум. Ва-т-тақуллоҳ. Ва юъаллимукумуллоҳ. Валлоҳу би кулли шай-ин Ъалим. 282.
282. Эй касоне, ки имон овардаед! Ҳар вақто бо якдигар ба вом (қарз) додан то муҳлати муқарраршуда муомила кунед, пас, онро бинависед. Ва бояд, ки миёни шумо нависандаи боинсоф бинависад ва нависанда аз навиштан, чунончи ӯро Аллоҳ омӯхтааст, саркашӣ накунад. Пас, он касе ки қарз ба зиммаи вай аст, бояд вай низ бинависад ва имло (иншо) кунад. Ва аз Худо бояд битарсад, ки Парвардигори ӯст ва аз он қарз чизеро нуқсон накунад. Пас, агар касе, ки қарз ба зиммаи вай аст, бехирад бошад ё нотавон, ё наметавонад иншо (баён) кунад, пас валии (корсози) ӯ бояд, ки бо инсоф баён кунад. Ва аз мардони худ ду шоҳидро гувоҳ гиред. Пас, агар ду мард набошад, як марду ду занро аз касоне ки ризомандии шумо бошанд, шоҳид гиред. Агар фаромӯш кунад як зан, ёдоварӣ кунанд якдигарро. Ва бояд, ки гувоҳон он гоҳе ки (барои гувоҳӣ додан) талабида шаванд, худдорӣ накунанд. Ва малол машавед аз он ки нависад ҳақро (агарчи) андак бошад ё бисёр, то муддати вай. Ин амр назди Аллоҳ боинсофтар аст ва барои гувоҳӣ додан дурусттар ва қарибтар аст, то ин ки дар шак нашавед. Магар ин ки бошад он муъомила тиҷорати ҳозир, ки (даст ба даст) миёни худ дастгардон мекунед, пас, бар шумо гуноҳе нест дар ин ки нанависед онро. Ва гувоҳ гиред, ҳар гоҳ ки харидуфурӯш мекунед. Ва бояд, ки нависанда ва шоҳидонро зарар нашавад. Ва агар ин корро бикунед, пас, ҳаройина, бар шумо гуноҳ аст. Ва аз Худо битарсед. Ва Худо шуморо таълим медиҳад. Ва Худованд ба ҳама чиз доност.
Аллоҳтаъоло баъди баёни ҳукмҳое, ки вобаста ба нафақа дар роҳи ризои Аллоҳ ва баъди баёни ҳукмҳои номашрӯи судхӯрӣ дар тӯлонитарин ояти Қуръони карим низоми тиҷоратию иқтисодиро ва ҳамчунин одоби шаръии қарз додан ба ҳамдигарро, то ин ки дар миёни мардум ихтилофу низоъ рух надиҳад, барои пешрафти сармоядорӣ бо 14 дастури муҳим баён кардааст.
Дар ин оят Худованд нидо мекунад, ки эй касоне, ки имон овардаед, агар шумо байни худ бо мӯҳлат дар коре муомил
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
а кунед, яъне кадом навъи дайне, ки бошад, хоҳ ӯ қарз аст, хоҳ тиҷорат, хоҳ иҷора, хоҳ байъи салам (насия) иршоди Аллоҳ ин аст, ки барои ҳифзи он бо муайян намудани миқдору мӯҳлати он аҳднома нависед. Зеро навиштан ихтилофҳоро дур месозад.
2-юм: Бояд муомиларо байни қарзгирандаву қарздиҳанда шахсе нависад, ки дар қалбу қалами вай майли нафъ ё зиёни яке аз тарафҳо набошад. Яъне матни қарздиҳию қарзгириро бо эътирофи тарафайн муайян намуда, миқдору муддати он ва шартҳои онро, бинобар қарордоде, ки байнашон аст, бе ҷабр қарзгиранда гӯяд, котиб (шахси севум) мувофиқи ҳаққу инсоф ва адолат нависад.
3-юм: Аллоҳтаъоло котибро таълим дода, фармудааст, ки касе, ки ба навиштан қудрат дорад, чунонеки Аллоҳтаъоло ӯро донондааст, набояд аз навиштани аҳдномае, ки байни тарафайн лозим аст, худдорӣ кунад. Албатта, тарафайн дар ин кор ӯро бояд кӯмак кунанд ва ӯ барои нигаҳдошти поси хотири Аллоҳ, ки ба ӯ неъмату ҳунари нависандагиро додааст, бо дархости тарафайн қарордодро одилона ва бе нуқсон нависад.
4-ум: Касе ки вом бар зимаи ӯст, бояд имло кунад, яъне шахси қарздор аввалан имло кунад, то нависанда бинависад, баъди навиштан, бояд имзо кунад, зеро аз ҳар гуна мункир шудан тарафайн дар амон мемонанд.
5-ум: Қарзгиранда бояд аз Худо битарсад ва дар ҳолати навиштани котиб ҳеҷ чизро аз асли гирифтааш кам нишон надиҳад.
6-ум: Шахсе, ки ҳаққ бар зиммаи ӯст, яъне шахси қарздор, агар рафту ақлаш кам бошад, хулоса, ӯ сухан гуфта наметавонад, ё тадбири корҳои молиявиро намефаҳмад, дар чунин сурат бояд валӣ – соҳиби ӯ ё вакили ӯ имло кунад, яъне он чи бар зиммаи ӯст, валии ӯ бо адолату инсоф гӯяд, то котиб нависад.
7-ум: Дар айни ҳол барои чунин муомила, бояд, ки тарафайн ҳангоми навиштан аз мусалмонон ду марди одилро ба шоҳид шудан таклиф кунанд.
8-ум: Агар ду марди диндор фаразан ёфт нашаванд, бо вуҷуде, ки аҳли шаҳодату одил будани шоҳидон шарт аст, як марду ду занро аз шахсоне, ки назди шумо маълуманду шумо аз онҳо розӣ ҳастед, шоҳид гиред. Муфассирони олиқадр гуфтаанд, ки сабаби ду занро ҷои як мард ба шоҳидӣ гирифтан, он аст, ки аксаран одати занҳо чунон аст, ки чунин муомилаҳоро хотирашон чандон нигоҳ дошта наметавонад, балки тезтар аз хаёлашон мебарояд. Агар яке аз он занҳо як бахши шаҳодатро фаромӯш кунад, они дигар ӯро хотиррасон мекунад ва бо адолат шоҳидии худро адо мекунанд.
9-ум: Агар шоҳидонро барои шоҳидӣ додан дар муомилае, ки шоҳид буданд, фаро хонда шаванд, бояд, ки худдорӣ накунанд, балки воҷиб аст, ки бо адолат шоҳидӣ диҳанд. Зеро ин амри Аллоҳтаъоло аст.
10-ум: Аллоҳтаъоло бандагони худро аз малол шудан наҳй намуда, фармудааст, ки агар миқдори қарз кам бошад, ё бисёр, локин он дорои мӯҳлат аст, аз навиштани қарордоди он малолу хаста нашаванд. Зеро Аллоҳтаъоло фармудааст, ки барои дучори шакк нашудан, он чи шуморо амр ба китобату қарордод намудем, адлноктару барои шоҳидӣ додан дар миқдори дайну мӯҳлати он қувватноктар аст.
11-ум Аллоҳтаъоло дар давоми оят ба таври истисно фармудааст, ки магар он, ки хариду фурӯши шумо нақдӣ, яъне даст бо даст бошад ва ивази молро ба соҳиби мол дарҳол дода шавад. Дар чунин сурат аҳднома нанавиштан гуноҳ нест.
12-ум: Аллоҳтаъоло фармудааст, ки агар муомилаҳои шумо нақдӣ бошанд, аҳднома нанависед ҳам, беҳтар он аст, ки шоҳид гиред. Зеро шоҳид гирифтан ҳаргуна ихтилофоти баъдиро дур мекунад. Муфассирони киром дар чунин сурат шоҳид гирифтанро амри воҷиб не, балки мустаҳаб донистаанд.
13-ум: Аллоҳтаъоло шахсони номбаршударо фармудааст, ки набояд онҳо ҳамдигарро зарар расонанд. Яъне набояд котиб хилофи он чиро, ки гуфта мешавад, нависад ва шоҳидон низ набояд аз шоҳидӣ додан инкор кунанд, ё хилофи он чи шуниданд, шоҳидӣ диҳанд. Бояд ҳаққи котиб ва шоҳидон низ ҳимоя шавад ва ба онҳо ҳам зараре нарасад, то онҳо мутмаин бошанд, ки дар амали худ аҷру савобе мегиранд. Яъне, набояд аз ҷониби тарафайн озор бинанд, то онҳо битавонанд бо он вазифае, ки доранд, адои ҳаққ ва адолатро пиёда созанд. Агар дар акси ҳол он чиро, ки Аллоҳтаъоло наҳй кардааст, анҷом диҳед, ҳукми шумо ин аст, ки аз тоати Парвардигори худ саркашӣ намудед, фосиқ шудед. Яъне, ба котиб ва гувоҳон агар зарар расонед
, кори фосиқӣ кардед.
14-ум: Дар ояти мазкур бори дигар Қуръони карим суханеро тақдиму хитоб мекунад, ки ба виҷдону қалби инсон ҷиддан таъсир мерасонад. Яъне Аллоҳтаъоло фармудааст, ки аз Парвардигори худ битарсед, итоату амри Ӯро ба ҷо оред ва аз он чӣ наҳй фармудааст, худдорӣ кунед. Дар чунин сурат Худованд ба шумо илми нофеъ медиҳад ва метавонед бо чунин илм некбахтии дунё ва охиратро, ки ниёзи шумост, дарёбед. Худованд ба ҳақиқати ҳама корҳо ва маслиҳату натиҷаи онҳо доност ва илми Ӯ таъоло ҷамии коинотро иҳотакунанда аст. Аз илми Ӯ таъоло ягон чизе аз ашёи мавҷуда ғоиб намемонад.
Нуктаҳо оид ба ояти мазкур: Илм ду навъ аст, касбӣ ва ғайри касбӣ. Агар илми касбӣ бо сабаби кӯшиш, ҳаракат ва гуфтугӯ ҳосил шавад, илми худодод бо сабаби парҳезгорӣ ва бо иҷрои амалҳои солеҳ, ҳамчунонеки ҷузъи охири ояти мазкур ишора намуд, ҳосил мегардад. Чунонеки дар ояти 65-уми сураи «Каҳф» омадааст, ӯро илми ладунӣ мегӯянд. Илми ладунӣ бисёр илми нофеъ буда, Худованд онро ба касе аз бандагони парҳезгори худ хоҳад, медиҳад. Бинобар тадқиқоти баъзе аз муфассирон ояти мазкур 14 ва бо ҷузъиёти худ 21 аҳкомро шарҳ додааст. Агар Худо хоҳад, банда бо нури тақво дили худро шустушӯ намояд бо таълим аҳкоми шаръиро пай мебарад. Ояти зер чун ояти қаблӣ ҳукми қарз додану гирифтанро дар сафар баён мекунад: