Сураи бақара Ояти 283 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 283 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 283

وَإِن كُنتُمۡ عَلَىٰ سَفَرٖ وَلَمۡ تَجِدُواْ كَاتِبٗا 

فَرِهَٰنٞ مَّقۡبُوضَةٞۖ فَإِنۡ أَمِنَ بَعۡضُكُم بَعۡضٗا فَلۡيُؤَدِّ ٱلَّذِي ٱؤۡتُمِنَ أَمَٰنَتَهُۥ وَلۡيَتَّقِ ٱللَّهَ رَبَّهُۥۗ وَلَا تَكۡتُمُواْ ٱلشَّهَٰدَةَۚ وَمَن يَكۡتُمۡهَا فَإِنَّهُۥٓ ءَاثِمٞ قَلۡبُهُۥۗ وَٱللَّهُ بِمَا تَعۡمَلُونَ عَلِيمٞ ٢٨٣

Ва ин кунтум ъало сафари-в ва лам таҷиду котибан фа риҳону-м мақбуЗаҳ. Фа ин амина баъЗукум баъЗан фа-л юадди-л-лазиътумина амонатаҳу ва-л яттақиллоҳа Раббаҳ. Ва ло тактуму-ш-шаҳодаҳ. Ва ма-й яктумҳо фа иннаҳу осимун қалбуҳ. Валлоҳу би мо таъмалуна Ъалим. 283.

283. Ва агар дар сафар бошед ва нависандаи санадро наёбед, пас, лозим аст, ки дар ивази қарз  (чизеро) гаравгон ба даст оварда шавад. Пас, агар бе гарав баъзе аз шумо баъзеро амин донад, пас, бояд, ки он касе ки эмин дониста шуд, аз Аллоҳ, ки Парвардигори ӯст, битарсад ва  амонати худро саривақт адо кунад. Ва гувоҳиро пинҳон накунед ва ҳар ки гувоҳиро пинҳон кунад, ҳаройина, дили ӯ гунаҳкор аст. Ва ба он чӣ мекунед, Аллоҳ огоҳ аст.

Ояти қаблӣ доду гирифти қарзи оддиро баён намуд. Ояти мазкур қарз гирифтани инсони мусофирро баён мекунад. Акнун дар сафар барои котиб, коғаз, давот муяссар набошад, чӣ кор бояд кард? Аллоҳтаъоло зимни ояти мазкур дар чунин ҳолат, тариқи қарз додану гирифтанро бо меҳрубонии худ ба ҳукми қонун дароварда фармудааст, ки агар шумо дар сафар бошед, барои қарз гирифтан мӯҳтоҷ шудед ва шароит барои шумо мувофиқ нашуд, то ин ки аҳдномаву қарордод нависед, пас бояд, ки шахси қарзгиранда ба қарздиҳанда ҳамчун аҳднома барои боварӣ, ҳамчун васиқа ва бадали қарз чизеро ба қарздиҳанда гарав диҳад, то ин ки дар ҳолатҳои ногувор гарав ивази қарз гардад. Агар қарзгиранда шахси худотарс, амонатнигаҳдор бошад, қарздиҳанда аз ӯ боварии комил дошта бошад, гарав ё санад нагиред, гуноҳе нест. Қарзгиранда дар чунин сурат баъди адои мӯҳлат аз Худо тарсида, бояд ҳуқуқи амонатро риоя намуда, қарзро ба соҳибаш баргардонад. Инчунин қарздиҳанда ҳам, ки гарав назди ӯ амонат аст, онро бе хиёнат, бе каму кост баъди қабзи қарзи худ, ба соҳибаш баргардонад. (Барои фаҳмидани ҷузъиёти гаравгон ба китобҳои фиқҳӣ муроҷиъат швад.) Дар давоми оят, Аллоҳтаъоло фармудааст, ки дар коре шоҳид бошед, ба шоҳидӣ додан даъват шавед, ё не, бояд, он чиро медонеду аз ҳуқуқи дигарон огоҳед, пинҳон накунед, шоҳидӣ диҳед. Зеро пинҳон намудани шаҳодат дили инсонро гунаҳкор месозад. Тахсиси дил дар ин ҷо барои он аст, ки дил султони аъзоҳои бадан аст. Ҳар вақто он ба салоҳ биояд, ҳама аъзо ба салоҳ меояд. Агар он фосид шавад, ҳама аъзо фосид мешавад. Дар охири оят Аллоҳтаъоло бо таъкид ҳушдор медиҳад, ки Ӯ таъоло Зотест, ки тамоми амалҳои анҷомдодаи бандагони худро медонад, ягон чиз бар Ӯ таъоло махфӣ намемонад. Бинобар ин, ҷазо, ё мукофот мувофиқ ба амалҳои содиршуда дода мешавад. Аллоҳтаъоло хатми сураи «Бақара»-ро ба оятҳое, ки дорои ваъиду таҳдиданд, муносиб дониста, дар аввали ин оятҳо фармудааст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 282 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 284 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)