Сураи бақара Ояти 284 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 284 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 284

لِّلَّهِ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ

وَإِن تُبۡدُواْ مَا فِيٓ أَنفُسِكُمۡ أَوۡ تُخۡفُوهُ يُحَاسِبۡكُم بِهِ ٱللَّهُۖ فَيَغۡفِرُ لِمَن يَشَآءُ وَيُعَذِّبُ مَن يَشَآءُۗ وَٱللَّهُ عَلَىٰ كُلِّ شَيۡءٖ قَدِيرٌ ٢٨٤

Лиллоҳи мо фи-с-самовоти ва мо фи-л-арЗ. Ва ин тубду мо фӣ анфусикум ав тухфуҳу юҳосибкум биҳиллоҳ. Фа яғфиру ли ма-й яшау ва юъаззибу ма-й яшаъ. Валлоҳу ъало кулли шай-ин қадир. 284. 

284. Он чӣ дар осмонҳост ва он чи дар Замин аст, азони Худост. Ва агар ошкоро кунед он чӣ дар дилҳои шумост ё пинҳон доред, Аллоҳ аз шумо ҳисоби онро бигирад. Пас, биёмурзад касеро, ки хоҳад ва азоб кунад касеро, ки хоҳад. Ва Аллоҳ бар ҳама чиз тавоност.

Аллоҳтаъоло дар ин оят хабар додааст, ки Ӯ таъоло соҳиби осмонҳо ва Замин ва он чи дар онҳо ва он чи байни онҳо, буда, аз аҳволи ҳамаи онҳо огоҳ аст ва ҳама азони Ӯст. Ҳар чи бандагон дар дил доранд, хоҳ бад, хоҳ нек, хоҳ онро зоҳир кунанд, хоҳ пинҳон доранд, Худованд ҳамаи онҳоро медонад, мувофиқ ба он, онҳоро ҳисобот мегирад, сипас ҳар касеро шоиста донад, ӯро мебахшад ва касеро, ки хоҳад, ӯро бо адли худ ҷазо медиҳад, зеро Ӯ таъоло бар ҳама кор қодир аст. Мазмуни ҷузъи ояти мазкур (Худованд амали сирии бандагони худро медонад) дар Қуръони карим бисёр зикр мешавад. локин фарқ дар он аст, ки дар ояти мазкур ин ҷузъ чунин маъно дорад. Худованд бандагони худро бинобар амалҳои сиррӣ ҳам бошад, ҳисобот мегирад.

Вақто ки ояти мазкур нозил шуд, барои гурӯҳе аз саҳобагон аз рӯи имону яқине, ки доштанд, аз имконият берун будани ин амал маълум гашт ва иҷрои он ба онҳо вазнин тофт. Онҳо назди Расулуллоҳ (с) омаданду зону заданду пурсиданд: “Ё Расулаллоҳ (с), пеш аз ин барои мо амалҳое таклиф шуд, чун намоз, рӯза, ҷиҳод, садақа ва ғ., тобу тавони иҷрои онҳоро доштем ва акнун ин оят нозил шуд, мо тобу тавони онро надорем.” Яъне онҳо гуфтанд, ки ҳеҷ кас аз мо аз васвасаҳои ботинӣ ва фикрҳои қалбӣ, ҳавасҳо холӣ нест, мо чӣ тавр худро аз васвасаҳои ботинӣ нигоҳ медорем? Расулуллоҳ (с) ба он саҳобагони худ гуфт: шумо ҳам мисли аҳли ду китоби пешин мегӯед, ки “шунидем ва нофармонӣ кардем?” на, балки ба ҷои ин бигӯед: “Шунидему итоат кардем, ай Парвардигор, мағфират кун моро, зеро, ба сӯи Туст баргаштани мо”. Вақто ки саҳобагон иршоди Расулуллоҳ (с)-ро қабул намуданд, ояти зерин нозил шуд, сифати онҳоро баён кард ва вазнинӣ аз дӯши онҳо бардошта шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 283 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 285 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)