Тафсири Сураи бакара Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 29
هُوَ ٱلَّذِي خَلَقَ لَكُم مَّا فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعٗا ثُمَّ ٱسۡتَوَىٰٓ إِلَى ٱلسَّمَآءِ فَسَوَّىٰهُنَّ سَبۡعَ سَمَٰوَٰتٖۚ وَهُوَ بِكُلِّ شَيۡءٍ عَلِيمٞ ٢٩
Ҳува-л-лази халақа лакум-м мо фи-л-арЗи ҷамиъан суммастава ила-с-самаи фа саввоҳунна сабъа самовот. Ва Ҳува би кулли шай-ин Ъалим. 29.
29. Ӯ чунин Зоте аст, ки ҳар он чӣ дар Замин аст, ҳамаро барои шумо биофарид. Боз рӯй оварда ба сӯи Осмон, пас рост кард ин ҳафт Осмонро ва Ӯ бар ҳама чиз доност.
Ай мардум, Аллоҳтаъоло чунин Зоте аст, ки барои шумо Замин ва ончи дар замин аст, мувофиқ ва мутобиқ ба ниёзмандиҳои шумо биофарид, то ин ки аз ҳамаи ончи дар Замин аст, нафъ баред ва эътибор диҳед, ки дар ҳақиқат Аллоҳтъоло холиқу розиқи шумост.
Баъди ин қасди офаридани осмонҳо намуд ва 7-осмонро офарид, ки дар онҳо барои шумо манфиатҳои бисёр аст.
Аллоҳтаъоло аз қудрати беинтиҳои Худ сухан намуд, пас дар ояти зер миннат ниҳода гуфт:
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «