Тафсири Сураи бакара Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 28
كَيۡفَ تَكۡفُرُونَ بِٱللَّهِ وَكُنتُمۡ أَمۡوَٰتٗا فَأَحۡيَٰكُمۡۖ ثُمَّ يُمِيتُكُمۡ ثُمَّ يُحۡيِيكُمۡ ثُمَّ إِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢٨
Кайфа такфуруна биллоҳи ва кунтум амвотан фа аҳйокум. Сумма юмитукум сумма юҳйикум сумма илайҳи турҷаъун. 28.
28. Чӣ гуна ба Аллоҳ кофир мешавед? Ва (ҳоло он ки) беҷон будед, пас, шуморо зинда гардонид, баъд аз он шуморо бимиронад ва боз шуморо зинда гардонад, боз ба сӯйи Ӯ гардонида мешавед.
Ин истифҳом (саволи сарзаниш) барои маломати инкоркунандагон буда, Аллоҳтаъоло дар он фармудааст, ки шумо ба кадом ҳуҷҷат Холиқи худ ва Сониъи оламҳоро инкор мекунеду кофир мешавед? Ҳол он ки шумо дар ҳукми мурда буда тамоман вуҷуд надоштед. Аллоҳтаъоло шуморо аз камари падар ва аз батни модар ба олами ҳастӣ овард. Чанд соли тақдиршуда умр мебинед ва баъди поён расидани умратон Ӯ таъоло шуморо мемиронад. Боз фардо, рӯзи қиёмат шуморо бори дигар зинда гардонида аз қабрҳоятон бармеангезад. Баъдан шуморо барои ҳисобу китоби амалҳои дар дунё содиркардаатон ба сӯйи Худ бар мегардонад. Ин сухани Аллоҳтаъолоро чӣ гуна инкор мекунед?… Ҳол он ки Аллоҳтаъоло чунин Зотест, ки:…
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «