Сураи бақара Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 31

وَعَلَّمَ ءَادَمَ ٱلۡأَسۡمَآءَ كُلَّهَا ثُمَّ عَرَضَهُمۡ 

عَلَى ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ فَقَالَ أَنۢبِ‍ُٔونِي بِأَسۡمَآءِ هَٰٓؤُلَآءِ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٣١ 

Ва ъаллама Адама-л-асмаа куллаҳо сумма ъараЗаҳум ъала-л-малаикати фа қола анбиуни би асмаи  ҳаулаи  ин  кунтум  содиқин.  31.  

31. Ва Аллоҳ номҳои ҳама махлуқот)-ро ба Одам биёмӯхт, баъд аз он пеш овард он чизҳоро ба фариштагон, пас, ба онҳо гуфт: «Маро ба номҳои он чизҳо, агар шумо ростгӯяндагон ҳастед, хабар диҳед».

Хулоса, Аллоҳтаъоло Одам (а)-ро ба арсаи ҳастӣ овард, бо ривояти Ибни Аббос ба ӯ тамоми номҳои ашёро биёмухт. Баъд аз ин ҳамаи он ашёро манзури фариштагон намуда ба онҳо гуфт, ки модоме худро дар халифагӣ нисбатан аз офаридаи Ман соҳибҳақ медонеду худро аз ҷумлаи ростгӯён меҳисобед, пас он чи пеши назар мебинед, бигӯед чӣ ном доранду чӣ чизе ҳастанд? Фариштагон аз ҷавоб оҷиз монданд. Ин буд, ки фариштагон ба оҷизию кӯтоҳии худ иқрор намуда гуфтанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)