Сураи бақара Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 32 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 32

قَالُواْ سُبۡحَٰنَكَ لَا عِلۡمَ لَنَآ إِلَّا مَا عَلَّمۡتَنَآۖ إِنَّكَ أَنتَ ٱلۡعَلِيمُ ٱلۡحَكِيمُ ٣٢ 

Қолу субҳонака ло ъилма лана илло мо ъалламтана иннака Анта-л-Ъалиму-л-Ҳаким. 32. 

32. Фариштагон гуфтанд: «Туро ба покӣ ёд мекунем, моро ҳеҷ донише нест, магар он чи Ту ба мо омӯхтӣ, ҳаройина Туӣ доною боҳикматӣ».

Фариштагон гуфтанд, ки ё Аллоҳ, мо Туро аз тамоми сифатҳои нолоиқ ба покӣ ёд мекунем. Мо ба ҷуз он миқдоре, ки ба мо биёмухтӣ, ҳеҷ илми дигаре надорем. Номҳои ин (ашё) маҳлуқотеро, ки манзури мо кардаӣ, намедонем. Албатта, Ту хуб донандаӣ ва ҳеҷ чиз аз илми Ту махфӣ намемонад.

Ту ҳаким ҳастӣ ва ҳама корҳоят бинобар иродаи ҳикматат ба иҷро мерасанд. Ана ҳамин тавр, фариштагон камбудии хешро дарк намуда, назди Аллоҳтаъоло узр гуфтанд ва ба нописанд афтодани сухани худ иқрор карданд. Баъди ин Аллоҳтаъоло ба Одам (а) фармуд:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 33 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)