Тафсири Сураи бакара Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 37
فَتَلَقَّىٰٓ ءَادَمُ مِن رَّبِّهِۦ كَلِمَٰتٖ فَتَابَ عَلَيۡهِۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلتَّوَّابُ ٱلرَّحِيمُ ٣٧
Фа талаққо Адаму ми-р-Раббиҳи калимотин фа тоба ъалайҳ. Иннаҳу Ҳува-т-таввобу-р-Раҳим. 37.
37. Пас, фаро гирифт Одам аз Парвардигори худ сухане чанд, пас, Аллоҳ бо меҳрубонии Худ тавбаи Одамро пазируфт, ҳаройина, Ӯ бисёр тавбапазиру меҳрубон аст.
Баъди ончи гузашт, Одам (а) чанд сухану дуъои судбахшро бо илҳоме аз тарафи Парвардигори худ истиқбол намуд. Ӯ таъоло аз он калимаҳо Одам (а)-ро хабардор кард, Одам (а) ба ҷону дил онҳоро пазируфту бо ихлоси тамом калимаи тавбаро ба забон овард. Аллоҳтаъоло тавбаи ӯро пазируфт, гуноҳашро мағфират намуд, зеро бидуни шакку шубҳа, Аллоҳтаъоло Раҳиму Раҳмон аст. Тавбаи сидқан ба забоновардаи бандагони худро мепазирад. Муфассирони киром мегӯянд, ки тавре дар сураи «Аъроф” о.23, омадааст, он калимаҳои ба Одам (а) ва Ҳавво илҳомшуда ин аст:
“Қола Раббано заламно аuфусано ва ин лам тағфир лано ва тарҳамно ланакунанна мина-л-хосирон”. Яъне «Одам ва завҷааш гуфтанд: Ай Парвардигори мо, зулм кардаем бар нафсҳои худ ва агар Ту мағфират накунӣ моро ва раҳм накунӣ бар мо, пас албатта, аз ҷумлаи зиёнкорон бошем». Баъзе муфассирон гуфтаанд, аз он ҷумла Ас-Саддӣ аз Ибни Аббос (р) ривоят мекунад, ки Одам (а) аз Парвардигори худ пурсид, ки ай Парвардигори ман, оё Ту худ маро халқ накардӣ? Ба ӯ гуфта шуд: “Бале!” Гуфт: Оё аз рӯҳи худ дар ман дамидӣ? Ба ӯ гуфта шуд: “Бале!” Гуфт: Чун атса задам, гуфтӣ “Ярҳамакаллоҳ”, оё раҳматат аз ғазабат пешгузарӣ дорад? Ба ӯ гуфта шуд: “Бале!” Гуфт: Навишта кардӣ бар ман ин моҷароро, ки гузашт? Ба ӯ гуфта шуд: “Бале!” Одам (а) гуфт: Ай Парвардигори ман, маро хабар деҳ, ки чун аз кори шуда пушаймонию тавба кунам ва ба сӯйи Ту бозгардам, маро ба Ҷаннат боз бармегардонӣ? Ба ӯ гуфта шуд: “Оре!”
Дар ин мавзӯъ ривоёти дигар низ вуҷуд дорад, вале мо бо овардани ин қадар кифоя намудем. Ба ҳар тақдир, Одам (а) он калимаҳоро аз Аллоҳтаъло илҳом гирифту бо ихлос ба сӯйи Ӯ таъоло тавба кард. Аллоҳтаъоло гуноҳи ӯро мағфират намуд. Одам (а) аз шунидани ҷавоби мусбат то андозае таскин ёфту масрур шуд. Аллоҳ донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «