Сураи бақара Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 36

فَأَزَلَّهُمَا ٱلشَّيۡطَٰنُ عَنۡهَا فَأَخۡرَجَهُمَا مِمَّا كَانَا فِيهِۖ وَقُلۡنَا ٱهۡبِطُواْ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوّٞۖ وَلَكُمۡ فِي ٱلۡأَرۡضِ مُسۡتَقَرّٞ وَمَتَٰعٌ إِلَىٰ حِينٖ ٣٦

Фа аЗаллаҳума-ш- шайтону  ъанҳо  фа  ахраҷаҳумо  мим мо коно фиҳи.  Ва қулнаҳбиту баъЗукум ли баъЗин ъадувв. Ва лакум фи-л-арЗи  мустақарру-в ва матоъун   ило  ҳин. 36. 

36. Пас, ҳар дуро аз он ҷо шайтон билағжонид, пас, онҳоро аз он неъматҳое ки дар он буданд баровард. Ва гуфтем: «Фурӯ равед (сӯйи Замин), баъзеи шумо барои баъзатон душман бошед. Ва барои шумо дар Замин то муддате оромгоҳу баҳрамандӣ фароҳам бошад».

Чуноне ки дар таъйин намудани дарахти наҳйкарда ихтилоф вуҷуд дорад, инчунин чи гуна шайтон вориди Ҷаннат гардид ихтилофҳо ва саволҳои зиёде мавҷуд аст. Хулоса, ба ҳар сурат шайтон ба Ҷаннат назди Одам (а) ва завҷааш даромад. Савганд хӯрду онҳоро бо роҳи фиребу васвасаҳои бардурӯғ, ба тановули меваи он дарахти манъшуда моил намуд. Онҳо, ки инсон буданд аз рӯи фаромӯшӣ розӣ шуданд ва аз меваи он дарахт тановул карданд. Бо ҳамин амри Парвардигор ба ҷо наомаду тарк шуд ва онҳо аз Ҷаннату аз неъматҳои он бо тақдири илоҳӣ маҳрум шуданд.

Дар давоми оят Аллоҳтаъоло фармудааст, ки ба Одам (а) ва Ҳавво амр намудем, ки акнун ба замин фуруд оед, ки он муваққатан истиқоматгоҳи шумо хоҳад буд. Аз замин ва неъматҳои он то муддате ҳастед бархӯрдор шавед, локин фаромӯш макунед, ки баъзе аз шумо (яъне шайтон) душмани баъзеи шумост ва шумо ҳам душмани ӯ бошед. Чун умри шумо ба поён расад, ба дунёи дигар, дунёи ҷовидон интиқол дода мешавед. Ин дунё барои шумо як гузаргоҳ аст. То муддате, ки дар дунё ҳастед, барои дунёи ҷовидон, яъне барои охират тӯшаи худро омода созед…

Идомаи ин мавзӯъ дар Сураи Аъроф иншоаллоҳ ба таври муфассал баён хоҳад ёфт.


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 35 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)