Сураи бақара Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 38

قُلۡنَا ٱهۡبِطُواْ مِنۡهَا جَمِيعٗاۖ فَإِمَّا يَأۡتِيَنَّكُم مِّنِّي هُدٗى فَمَن تَبِعَ هُدَايَ فَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ ٣٨ 

Қул наҳбиту минҳо ҷамиъо. Фа иммо яътияннакум-м минни ҳудан фа ман табиъа ҳудоя фа ло хавфун ъалайҳим ва ло ҳум яҳзанун.38. 

38. Гуфтем: «Фурӯ равед аз ин ҷо ҳамаи шумо. Пас, агар барои шумо аз Ман ҳидояте биёяд, пас, ҳар кӣ ҳидояти Маро пайравӣ кард, ҳеҷ тарс бар вай набошад ва на онҳо ғаму андӯҳ хӯранд.

Валлоҳу аълам, такрори амр (поён фароед) дар ин ҷо бори дигар барои таъкид буда, Аллоҳтаъоло фармуд, ки бошишгоҳи Одам (а), яъне зуррияти ӯ рӯйи Замин аст, на Ҷаннат. (Аз тафсири “Ҷалолайн”).

Аллоҳтаъоло итоб ба Одам (а)-у Ҳавво намуду онҳоро аз Ҷаннат ба Замин фуруд овард. Инчунин Ӯ таъоло хабар дод, ки барои раҳнамоӣ ва ҳидояти зуррияи Одам (а) ба зудӣ китобу расулон фиристода мешавад. Ин ҷо Қуръону ҳазрати Муҳаммад (с) низ дар назар дошта шудааст. Аллоҳтаъоло дар давоми сухани худ фармуд, ки ҳар касе ба Ману ҳидояти Ман, ба китобҳои фиристодаи Ман ва ба анбиёву расулони Ман дар дунё итоат кунад ва пайравӣ намояд, пас ҳеҷ тарсу гумроҳӣ дар дунё ва ҳеҷ бадбахтие дар охират барои ӯ нест, зеро ҳама умури ӯ, иншоаллоҳ, ба хубӣ анҷом хоҳад ёфт.

Метавонад мутмаин бошад, ки аз зумраи наҷотёфтагон аст. Чунин мавзӯъро дар сураи «Тоҳо» о. 123-124 ёфт кардан мумкин.

Ояти зер аз онҳое хабар медиҳад, ки ҳидояти Парвардигорро пайравӣ намекунанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)