Тафсири Сураи бакара Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи бақара Ояти 39
وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بَِٔايَٰتِنَآ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلنَّارِۖ هُمۡ فِيهَا خَٰلِدُونَ ٣٩
Ва-л-лазина кафару ва каззабу би ойотина улаика асҳобу-н-нор. Ҳум фиҳо холидун. 39.
39. Касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои Моро дурӯғ ҳисобиданд, бошандагони Дӯзаханд, онҳо дар он ҷо ҷовидон бимонанд.
Аллоҳтаъоло фармудааст, ки касоне, ки ба китобу пайғамбароне ки барои онҳо фиристода шуд, пайравӣ намекунанд ва онҳоро инкор намуда, дурӯғ меҳисобанд, ҳама аз аҳли ҷаҳаннаманд ва дар азоби он ҷовидон боқӣ хоҳанд монд. Бори дигар маълум мегардад, ки касоне ки пайравӣ мекунанд, растагору наҷотёфтагонанд.
Исроил яке аз номҳои ҳазрати Яъқуб (а) аст. Калимаи Исроил аслан исми аҷамӣ буда, маънои Абдуллоҳро дорад. Шарҳи номи калимаи Исроил, иншоаллоҳ, дар сураи “Оли Имрон” сароҳатан баёни худро хоҳад ёфт.
Дар гузашта, яъне то замони рисолати пйғамбари охирин барои Бани Исроил ба навбат, аз сӯйи Аллоҳтаъоло пайғамбарону китобҳо фиристода мешуд. Илова бар ин, баъзе аз ин қавм дар маконе, ки Қуръон нозил шуд, яъне Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара бо мардуми он ҷо, паҳлӯи ҳам зиндагӣ доштанд. Онҳо аз сӯйи қабилаҳои Авсу Хазраҷ бисёр ситам ва ноадолатиҳо медиданд. Умед доштанд, ки аз қабилаи онҳо боз пайғамбаре меояд ва бо ёрию нусрати ӯ ин ду қавмро аз миён мебардоранд. Онҳо гӯё барои пайғамбаре, ки интизораш буданд, як навъ ваъдаи пайравӣ ҳам дода буданд. Чун пайғамбари охирин (с) ба сӯйи онҳо омад, хушбахтона қавми Авсу Хазраҷ ба вай имон оварданд, аммо онҳое, ки аз Бани Исроил буданд, аз ӯ (с) рӯгардон шуда, ба куфри хеш боқӣ монданд. Бинобар ин, ояте барои онҳо хитобан нозил шуд ва дар он чунин фармуд, ки…..
Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «