Сураи бақара Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи бакара Ояти 40 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи бақара Ояти 40

يَٰبَنِيٓ إِسۡرَٰٓءِيلَ ٱذۡكُرُواْ نِعۡمَتِيَ ٱلَّتِيٓ

 أَنۡعَمۡتُ عَلَيۡكُمۡ وَأَوۡفُواْ بِعَهۡدِيٓ أُوفِ بِعَهۡدِكُمۡ وَإِيَّٰيَ فَٱرۡهَبُونِ ٤٠ 

Йо бани Исроилазкуру ниъматия-л-лати анъамту ъалайкум ва авфу би ъаҳди уфи би ъаҳдикум ва иййоя фарҳабун. 40.

40. Эй фарзандони Исроил, он неъмати Маро, ки бар шумо арзонӣ доштам, ба ёд оред ва паймони Маро вафо кунед, то паймони шуморо вафо кунам ва аз Ман битарсед!

Тавре дар боло ишора рафт, калимаи Исроил ин лақаби ҳазрати Яъқуб (а) аст. Чун бани Исроил гуфта муроҷиат шавад ин маънои онро дорад, ки фарзандони баъди Яъқуб (а), то айёми нузули Қуръон дар назар дошта шудааст. Ӯ таъоло хитобан ба онҳо гуфт, ки эй авлоди набийи солеҳ-(Яъқуб), он неъматҳои беҳисоберо, ки ба шумо ва падарони шумо арзонӣ доштем, бисёртару афзунтар ба ёд биёреду шукри онҳоро бештар бигӯед. Ба он аҳду паймоне, ки ба Ман додед (аз имон овардану тоату ибодат кардан), вафо кунед! Яке аз ваъдаҳои онҳо ин буд, ки гуфта буданд: “Ҳидояте аз тарафи Аллоҳ таоло ба онҳо фиристода шавад, албатта, ба он пайравӣ хоҳанд кард”. Он ҳидоят тасдиқи пайғамбари охирузамон ҳазрати Муҳаммад (с) ва китоби Қуръон буд. Тавре мебинем, онҳо назди Парвардигор вазифадор буданд, ки ба ин ваъдаи худ вафо кунанд, вале афсӯс! Дар давоми оят Ӯ таъоло фармуд, ки агар вафодорӣ аз сӯйи шумо шавад, Ман ҳам вафо намуда, ба ҳамаи он чи ба шумо дар Таврот ваъда шудааст шуморо мушарраф мегардонам. Шумо бояд аз Ман битарсед, то он балоҳое, ки ба шахсони қабл аз шумо расида буд, ба шумо ҳам нарасад.

Дар ояи зер баъзе аз он неъматҳое, ки Аллоҳтаоло ба Бани Исроил арзонӣ намуда буд, баёни худро меёбанд. Яъне хитоби Аллоҳтаоло барои Бани Исроил зимни ояти навбатӣ идома дорад:


Рӯйхати оятҳои Сураи бақара «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи бақара Ояти 39 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи бақара Ояти 41 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)