Сураи Балад Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Балад Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Балад Ояти 1

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.

Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.

لَاۤ اُقۡسِمُ بِهٰذَا الۡبَلَدِۙ ١

Ла уқсиму биҳаза-л-балад. 1.

1. Қасам мехӯрам ба ин шаҳр (Макка).

Яъне Худованди бузург дар ин оят ба шаҳри Маккаи Муаззама қасам хӯрадааст. Зеро ҳурмати ин шаҳр аз рӯзи халқи (офариниши) Осмону Замин арзи ҳастӣ карда, буд. Илова бар ин савганди Худованд ба ин шаҳр ба шарафмандии он назди Худои яктову беҳамто далолат мекунад. Ин аст, ки Каъбаи мусулмонон он ҷо ҷойгир аст.

Ҳарфи (пешоянди) “Ло”, ки дар аввали оят омадааст, тибқи илми наҳв (синтаксиси забони арабӣ), “Ло”-и зоида ном дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Балад – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Балад Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)