Сураи Балад Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Балад Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Балад Ояти 2

وَاَنۡتَ حِلٌّ ۢ بِهٰذَا الۡبَلَدِۙ ٢

Ва анта ҳиллун биҳаза-л-балад. 2.

2. Ва (мушрикон озори) туро дар ин шаҳр(-и ҳаром) ҳалол мешуморанд.

“Ва анта ҳиллун”-ро муфассирон ҳар гуна маънидод кардаанд. Аксар бар ин ақидаанд, ки Макка шаҳри ҳаром, (ҷанг дар дохили он манъ) эълон шуда буд. Аммо Худованд барои фатҳи Макка якчанд соатро ба Расулаш (с) иҷозат додааст. Ин воқеаи фатҳи Макка дар санаи 8-ӯми ҳиҷрӣ ба вуқӯъ омад. Боз ҳурмати Макка ҳамчун “Шаҳрулҳаром” боқӣ монд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Балад Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Балад Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)