Тафсири Сураи Балад Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Балад Ояти 4
لَقَدۡ خَلَقۡنَا الۡاِنۡسَانَ فِىۡ كَبَدٍؕ ٤
Лақад халақна-л-инсана фӣ кабад. 4.
4. Ҳаройина, инсонро дар машаққат офаридем.
Вақто ки Расулуллоҳ (с) аз ҷониби кофирони Макка озору машаққатҳо мекашид, Аллоҳтаъоло ин оятро ҳамчун тасаллӣ бар ӯ (с) нозил карда, фармуд, ки қасам (ба он чӣ, ки аз аввали сура то ин ҷо гузашт) албатта, Мо инсонро дар машаққатҳо офаридем, бинобар ин, инсон тӯли зиндагии хеш аз гаҳвора то гӯр, хоҳ нохоҳ, мавриди ғаму андӯҳ, ранҷу ғусса, азобу кулфат ва нобарориҳо қарор мегирад. Аз кулфату машаққатҳо ҷойи гурез нест. Ҳатто ба зиндагии беҳтарин махлуқи Худо, ҳабиби Ӯ ҳазрати Муҳаммад (с) назар афканем, мебинем, ки он низ аз машаққатҳо холӣ нест.
Ҳар киро дар ин олам ғам нест,
Ё одам нест, ё аз ин олам нест.
Умуман, инсон аз дарду алам холӣ нест.
Хулоса, ҳар киро ҳар хел ғаму андӯҳ аст. Баъд аз он Аллоҳтаъоло ба ояти зер аз табиати инсонҳое, ки қудрати Аллоҳтаъолоро мункиранд ва баъсу нушурро дурӯғ ҳисобидаанд хабар дода фармудааст, ки:…
Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «