Сураи Балад Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Балад Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Балад Ояти 5

اَيَحۡسَبُ اَنۡ لَّنۡ يَّقۡدِرَ عَلَيۡهِ اَحَدٌ‌ ٥

А-яҳсабу ал ла-й яқдира ъалайҳи аҳад. 5.

5. Оё мепиндорад, ки ҳаргиз бар вай ҳеҷ кас қудрат намеёбад?

Оё инсоне, ки Худованд ба ӯ қувваю бозуи зӯр, молу давлати бисёр ва касбу мансаби баланде додааст фикр мекунад, ки дигар ҳеҷ кас ба ӯ баробар шуда наметавонад? Тасаввур мекунад, ки дигар қудрате мавҷуд нест, ки ӯро таҳти фармон оварад ва ба ҷазои саркашиаш бирасонад?

Аз он ҷумла, дар даврони Расулаллоҳ (с) марде буд бо номи Аби Ашад ибни Калдат, ки аз қувваю зӯрии худ фахр мекард. Қуввати ӯ то ҷое буд, ки болои пӯсте баромада маҳкам меистод ва мефармуд: “Ҳар кӣ ин пӯстро аз зери пои ман берун орад, онро аз худ кунад.” То 10-нафар дар якҷоягӣ қувва меозмуданд, он пӯст пора-пора мегашт, аммо Аби Ашад ибни Калдат аз ҷойи худ намеҷунбид. Ин оят дар ҳаққи вай нозил шуд, ки бо зӯрии худ мефахриду Расулуллоҳ (с) ва оятҳои Қуръонро масхара мекарду мегуфт…


Рӯйхати оятҳои Сураи Балад «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Балад Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Балад Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)