Тафсири Сураи Баййинаҳ / Баййинах Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Баййина Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
لَمۡ يَكُنِ الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡا مِنۡ اَهۡلِ الۡكِتٰبِ وَالۡمُشۡرِكِيۡنَ مُنۡفَكِّيۡنَ حَتّٰى تَاۡتِيَهُمُ الۡبَيِّنَةُ ١
Лам якуни-л-лазӣна кафару мин аҳли-л-китаби ва-л мушрикӣна мунфаккӣна ҳатта таътияҳуму-л баййинаҳ. 1.
1. Набуданд касоне, ки кофир шуданд аз аҳли Китоб ва мушрикон аз оййни худ ҷудошаванда, то он ки биёмад онҳоро ҳуҷҷати ошкор.
Яҳудиён ва насрониҳоро “аҳли китоб” мегӯянд, ки онҳо китобҳои самовиро таҳриф (дигаргун) карда ва он таҳрифҳоро дину оин гуфта, ибодат мекарданд. Бутпарастон ва оташпарастонро, ки китоби осмонӣ дар даст надоранд “мушрикон” мегӯянд. Қабл аз пайғамбарии Он ҳазрат (с) дар дунё гурӯҳу қабилаҳои гуногун буданд.
Ҳар гурӯҳе ба ақидаи ғалати хеш эътимод дошт ва аз он мағрур буд. Онҳо дар гумроҳӣ хеле устувор буданд. Бо гузашти замон ақидаи кофириашон шадидтар ва гуноҳашон зиёдтар мегашт. Замон тақозо мекард, ки хурофот аз байн рафта, мардум аз водии залолат ба манзили саодат бирасанд.
Замони некӣ ва хушбахтӣ оғоз гашт. Барои таблиғи аҳли китоб ва мушрикон “ҳуҷҷати ошкоро” яъне Қуръони карим ва Пайғамбари азимушшаън (с) аз тарафи Аллоҳтаъоло фиристода шуданд локин афсус дар ҳамин гуна ҳолат ҳам онҳо дар куфр ва мушрикӣ боқӣ монданд. Ояти баъдӣ сифатҳои Он Ҳазрати (с)-ро баён мекунад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «