Сураи Баййинаҳ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Баййинах Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Баййинаҳ Ояти 2

رَسُوۡلٌ مِّنَ اللّٰهِ يَتۡلُوۡا صُحُفًا مُّطَهَّرَةً ٢

Расулу-м миналлоҳи ятлу суҳуфа-м мутаҳҳараҳ. 2.

2. Расуле аз ҷониби Худованд омад, ки бар онҳо саҳифаҳои покро мехонд.

Он фиристодаи Худо “Расули акрам (с)” буд, ки ба ӯ китоби Осмонӣ Қуръон нозил шуд. Ӯ (c) ин китоби муқаддасро ба мардум хонда, онҳоро ба сӯйи дини ҳаққ даъват менамуд. Дар андак замон бо ёрии Худо мамолики мухталифи ҷаҳонро ба фурӯғи нури имон равшан сохт. Муҳаммад (с) бо азму иродаи мустаҳкам, ҳиммати олӣ ва таълимоти осмонӣ ахлоқи аксар мардуми сар то сари гетиро ислоҳ намуд. Мардумро ба шоҳроҳи ваҳдоният сафарбар сохт. Агарчи Расулуллоҳ Қуръонро аз заҳри қалб, (яъне аз ёд) мехонд, лекин он ба саҳифаҳои Қуръон мутобиқу мувофиқ тиловат мешуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййина Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Баййинаҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)