Сураи Баййинаҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Баййинах Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Баййинаҳ Ояти 3

فِيۡهَا كُتُبٌ قَيِّمَةٌ ٣

Фӣҳа кутубун қаййимаҳ. 3.

3. Дар он саҳифаҳо аҳкомест рост ва дуруст.

Яъне ҳар сураи Қуръони ҳаким як китоби мустақил аст. Баъзе муфассирон “Кутубун қаййимаҳ”-ро чун маълумотҳои зарурии дар китобҳои пайғамбарони пешгузашта, ки он маълумотҳо ҳоло ҳам аҳамияти худро гум накардаанд ва дар Қуръон низ мавҷуданд, тафсир кардаанд. Ё мурод аз “Кутубун қаййимаҳ” маълумотҳо ва ҳукмҳое, ки дар Қуръони ҳаким дарҷ шудаанд, ҳама ҳаққу рост ва ниҳоят саҳеҳу муътамад мебошанд.

Дар он саҳифаҳое, ки Расулуллоҳ (с.) ба маълумоти онҳо мерасонад, ягон калимае аз гуфти Худо ва шариъати Ислом берун нест, пас, бояд лоақл Қуръонро, ки мисли китобҳои гузашта китоби осмонист, шунаванду хонанд ва бо ёрии он ҳаққро аз ботил ҷудо кунанд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййинаҳ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Баййинаҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)