Сураи Баййинаҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Баййинах Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Баййинаҳ Ояти 4

وَمَا تَفَرَّقَ الَّذِيۡنَ اُوۡتُوا الۡكِتٰبَ اِلَّا مِنۡۢ بَعۡدِ مَا جَآءَتۡهُمُ الۡبَيِّنَةُ ٤

Ва ма тафаррақа-л-лазӣна уту-л-китаба илла мин баъди ма ҷаатҳуму-л-баййинаҳ. 4.

4. Ва пароканда нашуданд аҳли Китоб, магар баъд аз он ки ҳуҷҷати равшан онҳоро омад.

Яъне пеш аз таъин ва фиристода шудани Пайғамбар (с) ва нозилшавии Қуръон аҳли китоб, яъне яҳудиён ва насрониён мувофиқи маълумотҳои Таврот ва Инҷил оид ба фиристода шудани Пайғамбари нав ва китоби нав пешгӯӣ мекарданд ва иттифоқ ҳам буданд. Аммо онҳо маълумотҳои китобҳояшонро тағйир дода, ба хулосаи нодуруст омада буданд. Мегуфтанд, ки пайғамбари нав бояд аз байни яҳудиён, яъне аз бани (авлоди) Исроил ба дунё меомад. Чун Худованд Муҳаммад (с)-ро аз байни арабҳо бар сари вуҷуд овард ва Қуръонро ба Он ҳазрат (c) нозил кард, қисме аз онҳо имон оварданд, қисми дигар аз рӯйи ҳасад бо баҳонаҳои гуногун аз имон овардан саркашӣ намуда, кофир шуданд. Яъне гурӯҳе аз яҳудиён ва насрониён расулеро, ки дар борааш аз китобҳояшон маълумот гирифта буданд, дидаву дониста инкор карданд. Агар онҳо Қуръонро ҳамчун китоби Худо қабул мекарданд, ба ин шакк ва фикри хато намеафтоданд, кофир намешуданд. Онҳо бояд ба маълумотҳои Қуръон бовар мекарданд. Ҳоло он ки онҳоро чи дар китобҳояшон ва чи дар Қуръон…


Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййинаҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Баййинаҳ Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)