Сураи Баййинаҳ Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Баййинах Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Баййинаҳ Ояти 8

جَزَآؤُهُمۡ عِنۡدَ رَبِّهِمۡ جَنّٰتُ عَدۡنٍ تَجۡرِىۡ مِنۡ تَحۡتِهَا الۡاَنۡهٰرُ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَاۤ اَبَدًا ‌ؕ رَضِىَ اللّٰهُ عَنۡهُمۡ وَرَضُوۡا عَنۡهُ ‌ؕ ذٰلِكَ لِمَنۡ خَشِىَ رَبَّهٗ ٨

Ҷазауҳум ъинда Раббиҳим ҷаннату ъаднин таҷрӣ мин таҳтиҳа-л-анҳару холидӣна фӣҳа абада-р-раЗияллоҳу ъанҳум ва раҲу ъанҳ. залика ли ман хашия Раббаҳ. 8.

8. Подоши онҳо назди Парвардигорашон барои сукунати абадӣ бӯстонҳо бошад. Зери он ҷӯйҳо равон бошанд, дар он ҷо ҳамеша ҷовидон бошанд. Худо аз онҳо хушнуд шуд ва онҳо аз Худо хушнуд шуданд. Ин ваъда барои касе аст, ки аз Парвардигори худ метарсад.

Барои онҳо дар охират назди Парвардигорашон мукофоту, хушнудие ҳаст. Яъне: мукофоташон ҷаннатҳои доимие, ки аз таҳту нишебии қасрҳои он наҳрҳо ҷориянд. Онҳо дар Ҷаннат ҷовидонанд, ҳаргиз намемиранд ва онҳоро аз он Ҷаннат ҳаргиз берун намекунанд, зеро дар дунё аз тарси Худо гуноҳ накарданд ва мувофиқи нишондоди Ӯ амалҳои солеҳ, тоату ибодат карда, барои рӯзи охират тӯша тайёр карданд. Худованд аз онҳо розӣ аст ва онҳо бошанд аз Худованд. Хушнудии Худованд аз боғҳо ва ҷӯйҳои Ҷаннат ҳам беҳтар аст. Балки дар асл расидани биҳиштиён ба неъматҳои Биҳишт ин ҳам ризои Ӯ таъоло асту бас.

Яъне шоистаи ин мақоми баланд ҳар кас нест, балки ин неъмати бузург насиби касоне аст, ки аз норозигии Парвардигори хеш метарсанд ва ба Ӯ таъоло нофармонӣ намекунанд.

Ал-Ҳофиз Абӯмусои маданӣ аз Исмоили Абу Кулсум ривоят мекунанд, ки Пайғамбари Аллоҳ (с) дар ҳадиси Қудсишон гуфтанд: “Шахсе Лам якунил-лазина кафару-ро қироат кунад, албатта Аллоҳтаъоло қироати ӯро мешунавад ва мегӯяд, ки барои ту хушхабар бод! Қасам ба иззати Худ, ки туро дар ҳеҷ ҳолате аз ҳолатҳои дунё ва охират фаромӯш намекунам ва албатта, туро дар Ҷаннат то розӣ шуданат ҷой медиҳам!

Ҳисоби кори худ имрӯз кун, ки фурсат аст.

Зи хайру шар бингар то чиҳост ҳосили ту,

Агар ба нақди накӯӣ тавонгарӣ хуш бош,

В-арат ба ғайри бадӣ нест, вой бар дили ту.

Аз адибе.

Поёни сураи “Баййинаҳ”. Валиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Баййинаҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Баййинаҳ Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Залзала (Зилзол, Зилзила) – Тафсири Осонбаён (Қуръон)