Тафсири Сураи Буруч Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Буруҷ Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
وَالسَّمَآءِ ذَاتِ الۡبُرُوۡجِۙ ١
Ва-с-самаи зати-л-буруҷ. 1.
1. Қасам ба Осмон, ки дорои бурҷҳост.
Мурод аз “Буруҷ” дувоздаҳ бурҷи машҳури Осмон аст, ки Офтоб дар зарфи 12-моҳ онҳоро давр мезанад, ё ҷойҳое аст дар Осмон, ки фариштагон ба таври муҳофизин муқарраранд, ё ситорагони бузурги осмонанд, ки ба назар менамоянд.
Имкон дорад мурод аз “бурҷ” чизе дигаре бошад. Боқиро дар сураи “Фурқон” пайдо ва мутолиа кунед! Ба ҳар сурат, Аллоҳтаъоло ба осмони соҳиби бурҷҳо қасам ёд намудааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «