Сураи Буруҷ Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Буруч Ояти 10 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Буруҷ Ояти 10

اِنَّ الَّذِيۡنَ فَتَـنُوا الۡمُؤۡمِنِيۡنَ وَ الۡمُؤۡمِنٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَتُوۡبُوۡا فَلَهُمۡ عَذَابُ جَهَنَّمَ وَلَهُمۡ عَذَابُ الۡحَرِيۡقِؕ ١٠

Инна-л-лазӣна фатану-л-муъминӣна ва-л-муъминати сумма лам ятубу фа лаҳум ъазабу Ҷаҳаннама ва лаҳум ъазабу-л ҳарӣқ. 10.

10. Ҳаройина, касоне ки мардони мусалмон ва занони мусалмонро аз имон (овардан) боздоранд ва тавба накунанд, пас, онҳорост азоби Дӯзах ва онҳорост азоби сӯзонанда.

Онҳое, ки ба мардони муъмину занони муъмина азобу уқубатро раво мебинанд ва боз аз ин кори бадашон тавба намекунанд, чуноне ки аҳли имонро азоб доданд ва дар оташ сӯхтанд, азоби сӯзони Ҷаҳаннамро, ки чандин маротиба аз оташи онҳо сахттар аст, хоҳанд чашид.

Ин ваъиду азоби илоҳӣ фақат барои “Асҳоби уҳдуд” набуда, балки ҳар касе барои гумроҳ сохтан, аз байн бурдан ва баргардонидани мусулмонмардон ва мусулмонзанҳо кӯшиш кунад (чунончи куффори Макка менамуданд) ва аз он аъмоли зишти худ пок нашаваду имон наоранд, ба азоби Дӯзах, ба оташи ниҳоят сӯзон, ки сӯзандаи аъзои хориҷӣ ва дохилии бадан аст, гирифтор меояд. Ин аст ҷазое шахсоне, ки алайҳи мусалмонон мубориза мебаранд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Буруҷ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Буруҷ Ояти 9 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Буруҷ Ояти 11 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)